Arzon march 2024
Одамфурӯшӣ, ғуломии шаҳвонӣ ва вазъи гурезаҳои афғон аз назари Шивон Миллалли
2280

Шивон Маллалли, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдои одамон, бахусус занон ва кӯдакон дар поёни сафараш ба Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори омма мулоқот намуда, зимни ин нишаст ба чораҳои дар самти мубориза бо савдои одамон андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон баҳои баланд дод, вале таъкид кард, ки: “Тоҷикистон бояд чораҳои бештарро барои пешгирии савдои одамон ва ҳифзи ҷабрдидагон, алалхусус занони гуреза ва паноҳҷӯяндагони аз минтақаҳои низоъ фироркунанда амалӣ созад!”
Хонум Шивон Маллалли бо нигаронӣ дар бораи набудани ҳимоят аз гурезагон, аз ҷумла паноҳандагон аз Афғонистон ҳарф зада, изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба таври фаврӣ бақайдгирии гурезагон ва паноҳҷӯёнро дубора оғоз карда, бо дарназардошти вазъи кунунии Афғонистон ва бо хатари ҷонӣ рӯ ба рӯ гаштани гурезагон аз бозпас фиристодани паноҳандагони афғон ба Ватан худдорӣ намояд.
Коршинос иқрор шуд, ки бо кӯмаки мақомот бо чанде аз афроди ба доми одамфурӯшон афтода дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ гашта, мулоқот намудааст ва хуб медонад, ки ҷабрдидагони савдои одамон, хоса заноне, ки ба чанги даллаҳо ва дигар одамфурӯшон афтодаанд, чи хориву зориҳо ва чи қадар азобу уқубатро пушти сар карда, шаттаву шалоқи зиёде хӯрдаанд.

“Барои мубориза бо савдои одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, аз ҷумла дар дохили Тоҷикистон, амалисозии корҳои бетаъхир зарур мебошанд”-гуфт ин гузоришгари СММ.
Тавре ки хонум Шивон Миллалли қайд кард, "доғзанӣ” (стигма) ва муносибати табъизноку айбҷӯёна нисбат ба занон ва духтароне, ки қурбонии савдои одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ гаштаанд, боиси он мегардад, ки онҳо дар аксари ҳолатҳо аз ошкор сохтани мушкили ба сарашон омада, аз тарси шармандагӣ худдорӣ мекунанд.
"Мо гузоришҳои ташвишоварро дар бораи таҷрибаи ҷабрдидагон шунидем, ки аксар вақт онҳо барои кор дар хориҷа ҷалб карда мешаванд ва баъдан гирифтори савдои одамон мегарданд, ки мақсади он ҷалб кардан ба меҳнати маҷбурӣ ва истисмори шаҳвонӣ мебошад. Ҳукумат бояд рушди имкониятҳои муҳоҷирати бехатарро дар асоси баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон идома диҳад"-изҳор дошт ин намояндаи СММ .
Дар нишаст сухан ҳамчунин дар боби муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, хонум Шивон Миллалли дастгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус хонаводаҳои аз ҷониби занон роҳбаришавандаро, ки ба истисмор осебпазир буда метавонанд, зарур ва ҳатмӣ шумурд.
Дар рафти ин чорабинӣ Маллалли аз омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардонидани занон ва кӯдакон аз Ироқ ва Сурия, ки қурбонии савдои одамон буда метавонанд, ситоиш карда гуфт:
“Аммо бояд чораҳо андешида шаванд, ки кӯдакони ба Ватан баргардонидашуда бо оилаҳояшон аз нав муттаҳид карда шаванд, зеро ин ба манфиати онҳост...”
Намояндаи СММ аз омодагии Ҳукумат дар мавриди ба тасвиб расонидан ва татбиқи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбон истиқбол карда, гуфт:
“Ҳуқуқҳои шахсони маъюбият дошта, ки қурбонии савдои одамон шуда метавонанд ё зери хатари савдои одамон қарор гирифта метавонанд, бояд пурра ҳифз карда шаванд, аз ҷумла дар таъмини дастрасии самаранок ба адолат”.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД