Arzon march 2024
ҲОҶӢ МЕШАВАД: ШОН МС ТАРКИ САҲНАИ РЭП МЕКУНАД
2405

Шаҳбоз Шарифов, рэпсарои 29-солаи тоҷик, ки бо тахаллуси саҳнавии Шон МС машҳур аст, сар аз соли 2021 саҳнаи рэпро тарк кардан мехоҳад. Ӯ ин нуқтаро дар барномаи интернетии “Ногуфтаҳо” зикр кардааст. “Рости гап, ба Ҳаҷ рафта, нияти Ҳоҷӣ шуданро дорам.

Ба ҳамин хотир, шурӯъ аз соли 2021 дигар рэпсароӣ намекунам ва имсол охирин соли дар рӯйи саҳна буданам аст”,-мегӯяд овозхон дар суҳбат бо Орзу Исоев. Шон МС соли 2008 ба фаъолияти худ оғоз бахшида, 12 сол аст, ки рэп месарояд ва яке аз маҳбубтарину машҳуртарин рэпсароёни тоҷик ба шумор меравад. Ҳамчунин, овозхон дар рафти барнома қайд мекунад, ки хешу ақрабо ва ҳатто падару модараш, ки ҳамагӣ инсонҳои суннатианд, аз аввал ба рэпсароии ӯ зид буданд.

Бо вуҷуди ин, Шаҳбоз тавонист, ки 12 сол дар ин ҷода рақобат карда, қалби ҳазорон мухлисро тасхир намояд. Ҳоло ӯ оиладор буда, соҳиби се фарзанд, ду духтару як писар аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД