sebiston july new
Нозия асрори камнамоиашро гуфт
1005

Салом ба кормандону хонандагони сомонаи дӯстдоштаам – “Оила”. Ман яке аз мухлисони ашадии сарояндаҳои маъруф Нозия ва Муҳаммадрафӣ мебошам. Сурудҳои падари шодравонашонро ҳам зиёд гӯш мекунам. Аз фаъолияти Муҳаммадрафӣ огоҳам ва гоҳҳо таронаҳояшро тариқи телевизион мебинам. Вале, хеле боз Нозиябону наметобанд. Хоҳиш дар борааш ба мо маълумот диҳед.

Марям,

сокини ноҳияи Варзоб

Салом, хонандаи азиз. Ташаккур, ки ҳаводори сомонаи моед. Тибқи хоҳиши Шумо мо ба ҷустуҷӯйи бону Нозия рафтем ва он касро дар як чорабинии иттилоотӣ – фарҳангӣ дар Кохи Суруш дарёфтем, ки барои гирифторони беморони сил баргузор мешуд.

Нозияи Кароматулло зимни сӯҳбат бо кормандони сомонаи "Оила" сабаби кам дар рӯи саҳна буданашро, пеш аз ҳама, оиладор будану кӯдакони хурдсол доштанаш арзёбӣ намуд. Ин ситораи маъруф қайд кард, ки рӯзҳои наздик албоми навашро бо таронаҳои ҷолиб пешкаши мухлисон мегардонад.

Дар он суруд, на танҳо бо забони тоҷикӣ, инчунин бо забони ҳиндӣ низ вуҷуд дорад. Дар албоми нави худ ба мисли гузаштаҳо дуэт ҳамроҳи бародарам Муҳаммадрафӣ низ пешкаши ҳаводорони хоҳад гашт”, - гуфт ин бонуи овозадор.

Ин бонуи ҳунар 7- феврали соли 1988 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ситораи маъруф – Кароматулло Қурбонов ба дунё омадааст.

АКС Мирсаид САТТОРИЁН,

"Оила"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД