arzon replenishment
Нозим Меликовро табибони эронӣ муолиҷа мекунанд
27.01.2025
ОИЛА.ТҶ
556

Имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён гуфт, ки барои табобати коргардони шинохтаи тоҷик Нозим Меликов бо табибони эронӣ суҳбат кардаанд.

Тавре огоҳем, соли гузашта вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён ба дидори Нозим Меликов рафта, ваъда дода буданд, ки барои табобати бемориаш мусоидат мекунанд.

Нозим Меликов, коргардони тоҷик зиёда аз 14 сол боз гирифтори бемории паркинсон мебошад. Паркинсон бемории мағзи сар аст, ки фаъолияти ҷисмониро суст мекунад ва боиси ихтилоли равонӣ ва ларзиши бадан мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД