Formula novemver 2024
Нигина чи тавр маликаи мӯд шуд?(8 акс)
2384


Аз 18 то 20-уми ноябр дар меҳмонхонаи овозадори Hyatt Regency Dushanbe намоиши ҳафтуми мӯди Tajikistan Fashion Week баргузор гашта, дар он моделерҳои машҳур аз Фаронса, Эрон, Дубай, Миср, Русия, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Чеҳраи расмии ин чрабинии баландпоя модели тоҷиктабори ӯзбекистонӣ Нигина Фахриддинова интихоб шудааст, аз ҳамин хотир мо қарор додем дар бораи ин зебосанам каме маълумот диҳем.
Асрори чашмони ҷодугари Нигина

нигина 2
Нигина Фахриддинова дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон ба дунё омада, нав ба синни 22-солагӣ қадам гузоштааст. Ин паричеҳраи дар олами мӯд машҳур аз рӯйи шиноснома ӯзбек бошад ҳам, дар асл решаҳои тоҷикӣ дорад. Чашмони ҷодугарӣ ин зебосанами фариштахисол бо як нигоҳ дили ҳар як бинандаро рабуда, волаву шайдои худ мегардонанд. Гап сари он аст, ки чашмони Нигина мудом ранги худро иваз карда меистанд. Аз нигоҳи аввал чашмони ин нозанин сабз метобанд, вале ин чашмони ҷодугар бо иваз шудани табъи соҳибашон ранги худро иваз намуда, гоҳ кабуд ва гоҳи дигар хокистарӣ ба назар мерасанд. Нигина зимни як сӯҳбат бо журналистон асрори чашмони сеҳрангези худро кушода, чунин гуфтааст:
“Бобою бибии падарии ман тоҷик буданд ва чашмони сабзи бениҳоят зебо доштанд. Аслан духтарҳои ӯзбек чашмони танг ва рангашон сиёҳ ё қаҳваранг доранд, вале ман аз бобову бибии падариам чашмони зебо ва сеҳрангези калон-калони сабзро мерос гирифтаам...”

нигина 3
Ба қавли худи зебосанам, бобояш ифтихори баланди миллӣ дошта, ҳамеша таъкид мекардааст, ки тоҷик будани худро фаромӯш накунад. Барои он ки духтарак забони тоҷикиро аз ёд набарорад, бобояш дар хона ҳамеша бо Нигина бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекардааст ва аз ҳамин ҷо меҳру муҳаббат нисбат ба тоҷикон ва забони тоҷикӣ дар дили ин париваш маъво гирифта, худро дар Тоҷикистон бисёр озод ва бароҳат эҳсос менамояд.
“Ман худро дар Тоҷикистон меҳмон эҳсос намекунам, чунки ин ҷо ватани дуюми ман аст”-гуфтааст Нигина зимни як сӯҳбат бо Спутник.\

нигина 4

Зебоӣ+дониш+истеъдод-ин аст талаботи мӯд

Аксарият гумон мекунанд зебосанамҳое, ки ба ҳайси модел кор мекунанд, зиндагии шоҳона доранд ва мисли маликаҳо дасташонро ҳатто ба оби хунук намезананд, вале тавре ки Нигина Фахриддинова мегӯяд, дар асл “мӯд” бисёр соҳаи душвор ва заҳматталаб буда, танҳо чеҳраи зебо доштан барои дар “подюм” ғолиб омадан кифоя нест. Модел бар замми ҳусну малоҳати худодод, ҳамчунин бояд дониши васеъ, маҳорати суханварӣ, ҳунари дилёбию дилрабоӣ ва қобилияти баланди бо аудитория кор кардан дошта бошад ва ҳатман забонҳои хориҷиро бидонад.
Фахриддинова ҳаёти худро мисол оварда, мегӯяд қабл аз ба олами мӯд ворид гаштан душвориҳои зиёдеро дар зиндагӣ аз сар гузаронидааст. “Мушкилиҳои оилавӣ, мушкилиҳои саломатӣ ва боз саду як мушкили дигар пешорӯям пайдо мешуд, вале ман ҳамеша барои расидан ба қуллаи орзуҳои худ талош менамудам, чунки хислатам чунин аст-ҳаргиз аз роҳи пеш гирифтаам қафо намегардам,”-мегӯяд Нигинаи фариштарӯю фариштахӯй.

нигина 5
Золушка” чи тавр маликаи мӯд шуд?
“Дар кӯдакӣ ман худро мисли мушаки хокистарранг (серая мышка) эҳсос мекардам ва ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеовардам, ки рӯзе ба олами мӯд қадам мегузорам, вале падару модарам гоҳ-гоҳ мегуфтанд, ки бо чунин қаду қомат ҷойи ман саҳнаи мӯд аст”-қисса мекунад ин парии сабзчашм.
Аз рӯйи нақли худи Нигина, вай аз замони кӯдакӣ бисёр духтарчаи хушёру зирак буда, ҳанӯз аз синфи 3 дар маҳфилҳои гуногуни мактабӣ ва семинару корҳои хайриявӣ иштирок мекардааст. Дертар худаш дар байни талабаҳо ҳар хел конкурсҳо мегузарондагӣ шуд.
Волидонаш шӯхӣ мекарданд, ки ин духтар ҳеҷ дар як ҷо ором нишаста наметавонад, аммо маҳз ҳамин навҷӯиву мудом дар такопӯй буданаш Нигинаро дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд расонд.

нигина 6
Волидонаш орзу доштанд, ки духтарашон духтур шавад, худи Нигина бошад, мехост дар баталиони таъиноти махсус (Спец-наз) ба кор дарояд, аз ҳамин хотир бо намудҳои гуногуни варзиш ва омӯзиши илму дониш машғул шуда, тамоман вақти холӣ надошт.

“Ман ягон бор ҳамроҳи дугонаҳоям ба театр, кино ё ба сайругашт нарафтам, чунки ҳамеша бо ягон кор машғул будам. Ба дарси вокал мерафтам, ҳунари рақсро меомӯхтам, рассомӣ мекардам, забонҳои хориҷиро меомӯхтам, яъне духтари ҳамакора будам”,-қисса мекунад Нигина Фахриддинова.
Боре тасодуфан чашмаш ба як эълони мактаби “ART models» афтод, ки барои интихоби духтарон ба сифати модел озмун эълон менамуд. “Қади ман 1 метру 73 см буд, аз ҳамин хотир худро дар ҷодаи “мӯд” санҷидан хостам, вале мушкил дар он буд, ки ҳамон вақтҳо хеле фарбеҳ будам. Вазнам 70 кило буд. Албатта бо чунин вазн мани “гамбӯсак” ба саҳнаи мӯд роҳ ёфта наметавонистам, бинобар ин, ба парҳез нишаста дар бадали як моҳ 10 килло вазнамро партофтам, ҳамчунин турник кашида қадамро 2 сантимерт ёзондам. Ҳамин тавр ба талаботи мӯд ҷавобгӯй шуда, аз озмун бо муваффақият гузаштам”,-қадамҳои нахустинашро ба олами зебоӣ ба ёд меорад Нигинабону.
Ҳамагӣ дар бадали 3-4 сол ин фариштаи сабзчашм тавонист дили миллионҳо ошиқони зебоиро тасхир намуда, дар чандин озмунҳои баландпояи байналмиллалии мӯд иштирок намояд ва ғолибият ба даст оварад.

нигина 7
Зебосанаме, ки панҷ панҷааш ҳунар аст
Нигина Фахриддинова дар баробари ба сифати модел кор кардан боз чандин ҳунарҳои дигар дорад. Ин зебсанам бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ, ангилисӣ ва испанӣ гап мезанад, бар замми ин, ҳунару маҳорати хуби рассомӣ, раққосагӣ, сарояндагӣ ва пазандагӣ дорад. Тавре ки худи Нигина нақл кардааст, ҳанӯз аз замони кӯдакӣ пухтупаз карданро бисёр дӯст медошт ва натанҳо барои аҳли хонаводаашон, балки барои ҳамсояҳо низ тибқи супориш-заказ торт ва шириниҳои гуногуни лазиз мепухт.
Ҳаёти ин паричеҳраи муваффақ барои дигар духтарон намунаи ибрат буда, тавре ки худи Нигина мегӯяд: Инсон ҳатман дар зиндагӣ ғолиб меояд ва хушбахт мешавад, ба шарте, ки аз сидқи дил меҳнат карда, аз душвориҳо натарсад ва барои расидан ба қуллаи муроди худ ҳамеша талош варзида, танҳо ба пеш ҳаракат намояд!

нигина 8

(Мавод дар такя ба сарчашмаҳои интернетӣ таҳия шудааст)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД