Дилфулло Қӯшоқови 43-сола аз табибони муваффақест, ки дар соҳаи тиби шаҳри Истаравшан соҳибному соҳибэҳтиром гаштааст. Ӯ хатмкардаи факултаи тиби умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, 19 сол мешавад, ки ба табобати дардмандон машғул аст.
Оилаи Қӯшоқовҳо дар шаҳри Истаравшан аз табибони номиянд. Дилфулло Қӯшоқоф яке аз онҳост. Қаҳрамони мо низ мехост мисли амакаш Исматулло Қӯшоқов хилъати сафед пӯшида, ба дардмандон даво бахшад. Амакаш, ки пайваста баҳри омӯзишу такмили маҳорату малакааш китобҳои тиббӣ мехонд, Дилфуллои хурдсол ҳам аз он баҳра мебурд. Ҳамон меҳре, ки аз хурдӣ ба касби табибӣ дошт, нагузошт, ки домони дигар соҳаро гирад.
"Аз хурдӣ меҳри табиб шудан дар дилам ҷой дошт, ба ин соҳа шавқи зиёд доштам. Мехостам мисли амакам табиб шавам. Ҳар гоҳ, ки назди амакам мерафтам, нафарони зиёд пас аз табобат ёфтан изҳори сипос намуда, дуо мекарданд. Аз ин рӯ, дар ҳамин пешаи пурифтихор таҳсил кардам",- нақл кард табиби номӣ.
Дилфулло Қӯшоқов фаъолияти кориашро аз соли 2006 оғоз кардааст. Ӯ баъди хатми донишгоҳ дар Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан ба ҳайси навбатдор ба кор қабул шуд. Солҳо дар ин ҷо фаъолияти пурсамар намуда, сабаби шифоёбии садҳо нафар гардид. Мавсуф аз соли 2019 дар шуъбаи эҳёнамоӣ ва беҳиснамоии кӯдакона ба ҳайси мудир кор мекунад. Қаҳрамони мо забони ширин ва дили софу нияти покро асоси муваффақият медонад.
"Албатта, ҳар як бемор бо умеди шифоёбӣ ба духтур муроҷиат мекунад. Вақте ки табиб бо сухани ширину рӯҳбаландкунанда ба бемор муносибат мекунад, аллакай бемор 50 % шифо меёбад. Ин методро табибони мо хуб медонанду истифода мебаранд",- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Қаҳрамони мо ба табибони ҷавон тавсия медиҳад, ки китобҳои соҳавиро бештар мутолиа намоянд ва забонҳои хориҷиро омӯзанд. Ҳамзамон, кор бо технологияҳои муосирро аз худ кунанд.
"Табиб бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илм бошад. Зеро ҳамарӯза дар ин соҳа навгонӣ мешавад. Технологияҳо ихтироъ мешаванд, бемориҳои нав пайдо мешавад. Ин ҳамаро бояд табиб донад",- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дилфулло Қӯшоқов барои такмили ихтисос борҳо ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия ва шаҳри Душанбе рафтааст. Ҳамзамон, дар конгрессу конфронсҳои илмӣ ширкат варзида, пайваста мақолаҳои илмӣ эҷод мекунад.
Қаҳрамони мо ба маънои томаш вориси асилу арзандаи Абуалӣ ибни Синост. Ӯ то имрӯз даҳҳо шогирд тарбия намудааст, ки имрӯзҳо дар беморхонаҳои шаҳр фаъолият доранд.
Дилфулло шеъри мазкурро шиори худ медонад ва бо дилу нияти пок фаъолият мебарад:
Мо давоме аз давоми ориён!
Насли Сино, насли инсонпарварем!
Устувор андар қарору қавли хеш,
Дар наҷоти одамон раҳ мебарем!
Абдуғаффор ШОДИЕВ