Arzon march 2024
«Наркобарон»-и тоҷик бо 100 кило героин ба чанг афтид
712


Дар рафти амалиёти махсуси мутташакилонаи мақомотҳои қудратии Қазоқистон ва Қирғизистон як зодаи Тоҷикистон бо миқдори калони маводи нашъаовар ба чанг афтидааст.

Аз ин марди 37-сола ҳамчун ташкилкунандаи канали махсуси хариду фурӯши маводи нашъадор ёд мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон боздоштшуда К.О.А.-ро “наркобарон” ва ташкилкунандаи як канали калони қочоқи маводи нашъаовар номидааст. Гуфта мешавад, ки ин мард ҷинояткори байналмиллалӣ буда, муддати зиёде бо қочоқи маводи нашъаовар машғул буд ва тавассути марзи Қирғизистон миқдори хеле калони героину дигар моддаҳои нашъадори афғониро мегузаронидааст.

Мақомот кайҳо боз ин зодаи Тоҷикистонро пайгирӣ мекардаанд ва билохира дар рафти як амалиёти махсуси вазорати корҳои дохилӣ, кумитаи амнияти миллӣ ва мақомотҳои дигари қудратии ду кишвар ҷинояткор дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон бо 100 килограм героин ба чанг афтидааст. Арзиши бори ба чанг афтида тахминан як миллиону 190 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Ҷустуҷӯйи аъзоёни дигари ин гурӯҳ аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД