Ду фарзандам мактабро хатм намуданд ва ба хотири дохил кардани онҳо ба ягон донишгоҳ ҳуҷҷат ҷамъ кардам.
Вақте хостам маълумотномаи тиббӣ гирам, дар Маркази саломатӣ аз ман 230 сомонӣ талаб карданд. Мехостам фаҳмам, ки нархи давлатии ин ҳуҷҷати муҳим ва дандоншикан чанд сомонӣ аст, то ки аз мо маблағи иловагӣ талаб накунанд.
Н.А., н. Рӯдакӣ.
Нархномаи хизматрасониҳое, ки барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ муайян шудаанд, дар марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаву корхонаҳое, ки маҳз бо ин намуди фаъолият сару кор доранд, ҷойгир карда шудаанд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед ба кормандони масъул ва ё роҳбарияти Марказҳои саломатӣ ва муассисаву корхонаҳо муроҷиат намоед.