Дирӯз дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи “Хунхори Торросӣ“ аз рӯи асари нависандаи турк Азиз Несин дар тарҷумаи Раҷабалӣ Худоёрзода ва таҳияву коргардонии Султон Усмонов ба намоиш гузошта шуд.
Сараввал Ортиқи Қодир, яке аз ҳунармандони маҳбуби ин театр тамоми меҳмононро хушомадед гуфтанд. Инчунин таъкид намуданд, ки “тамоми иштирокчиёни ин намоиш дӯстдорони санъати асил ҳастанд, ки имрӯз ба тамошои ин намоишнома омаданд” ва ба кулли тамошобинон тамошои хубро таманно намуданд.
Нақшҳои асосиро Қурбони Собир - Нури Сияҳнур, Малика Азизмадова - ҳамсари Нури Сияҳнур, Боймурод Ҳаитов - писари Нури Сияҳнур, Абдуллоева Робия - духтари Нури Сияҳнур, Ортиқи Қодир - Зиёи Чолокчӣ, Салоҳиддин Шукуров - Усмони Буққа, Суҳроб Эгамназаров - комиссар бозӣ намуданд.
Ин намоишнома шореҳи масъалаҳои доғи рӯз дар мисоли адолат аст. Намоишнома ба ифтихори 95-умин солгарди таъсисёбии Театри тоҷик таҳия шудааст.
Баъди тамошои ин намоишнома тамоми тамошобинон якдилона қафкӯбиҳои пурмавҷ мекарданд ва ба ҳунари волои ҳунармандон таҳсин мехонданд.
Дар охир устоди ҳунар Ортиқи Қодир ҳамаро хушомадед гуфта, қайд карданд, ки қаҳрамони аз ҳама хурди ин намоиш Абдуллоева Робия ҳоло хонандаи синфи 10 асту хеле хуб нақшофарӣ намуд.
Яке аз иҷрокунандаҳои нақшҳои асосӣ ҳунарманди маҳбуб Ортиқи Қодир зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj дар мавриди ин намоишнома чунин қайд намуданд: “Ҷанбаи асосии намоиш талош барои адолату ҳақиқат ва як зиндагии бисёр душворест, ки дар иҷора мегузаронанд. Инчунин, як фазое, ки онҷо садо медиҳад: “Эй кош пул медоштам, эй кош адолат мебуд, эй кош ин ҳама онҳое, ки инсофу адолат надоранд, зулму ноинсофиро раво мебинанд, кош решаашон дар рӯи замин хушк шавад”. Нидои ин намоиш ҳамин аст. Ман фикр мекунам, аз рӯи он вокунише, ки бинандагон нишон доданд, воқеан як туҳфаи арзандае аст барои ҷашни Театри тоҷик”.
Инчунин, Боймурод Ҳаитов, иҷрокуннадаи нақши писари Нури Сияҳнур зимни суҳбат чунин қайд намуд: “Намоиши "Хунхори Торросӣ" масъалаи хонаводагиро дар бар гирифта, хислатҳои зишти инсониро инкор менамояд. Ин намоиш ба тамошобин мефаҳмонад, ки беҷуръатона зиндагӣ кардан худ бахбахтист. Бояд ҳар шахс барои хушбахт будан талош варзад”.