Бори аввал дар Тоҷикистон намоишгоҳи саломатӣ ва зебоии “INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2025” ташкил мешавад. Намоиш рӯзҳои 22-24-уми майи соли 2025 дар Маркази байналмилалии ЭКСПО дар Душанбе баргузор мегардад.
Ташкилкунанда: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намоишгоҳ ба маҳсулот, хидматҳо ва технологияҳое бахшида шудааст, ки ба нигоҳ доштани саломатӣ ва зебоӣ мусоидат мекунанд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти нав аз саноати дорусозӣ ва косметикӣ, маҳсулоти нигоҳубини пӯст ва мӯй, маҳсулоти ғизоии солим, таҷҳизоти варзишӣ, хидматрасонии маркази фитнес ва хидматрасонии тиббӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Меҳмонон метавонанд бо навтарин тамоюлҳои зебоӣ ва саломатӣ ошно шаванд, маслиҳатҳои коршиносонро гиранд, дар дарсҳо ва рӯнамоиҳо ширкат варзанд. Як қатор ширкатҳо ба тамошобинони намоиш барои хизмат ва маҳсулоти худ тахфиф пешниҳод мекунанд.
Аввалин намоишгоҳ дар мавзуи саломатӣ ва зебоӣ ба одамон дар беҳтар кардани некӯаҳволии онҳо, омӯхтани маҳсулот ва хидматҳои нав ва пайдо кардани илҳом барои нигоҳубини худ кумак мерасонад.
Иштирокчиён аз Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Лаҳистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маҳсулоти худро муаррифӣ мекунанд.
Даъват менамоем, ки иштирокчии чорабинии муфид дар самти саломатӣ ва зебоӣ шавед!
Дар масъалаи иштирок дар намоишгоҳ лутфан ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон тавассути телефони (+992)000888810 муроҷиат намоед.