goodwell
Мутриби хушнаво бигӯ, тоза ба тоза, нав ба нав...
31

Ҳамин гуна мутриби хушнаво ва ҳофизи асил Афзалшоҳ Шодиев мебошад, ки аз хурдсолӣ ба ҷаҳони мусиқӣ роҳ ёфта, умри пурбаракати хешро сарфи санъати асил намудааст.

Вай аз мактаби бузурги устодони ҳунар касб омӯхта, дар овозхонӣ шуҳратёр гардидааст. Вале роҳи камолот ба Афзалшоҳи ҷавон ба осонӣ муяссар нагардидааст. Вай шабҳои дароз дар даст рубоб гирифта, дар дил ишқи сурудхониро парварида, ба тамрину машқи овозу суруд машғул шуда, рӯзона нозукиҳои ин касби пурифтихоро аз устодони ботаҷриба омӯхта, дар як вақт барои гирифтани маълумоти умумӣ талош кардааст. Заҳмату меҳнат, ҷустуҷуву эҷодкорӣ ва омӯзиши созу наво ба ӯ роҳи интихоби дурусти сурудҳои мақбулу оҳангҳои мағрубро боз намудааст. Аз ҳамин давра сар карда, мурғи илоҳами Афзалшоҳи боистеъдод ба парвоз омада, ошиқи якумраи шеъру суруд гардидаст. Ҷавони санъатдӯст барои худ ин ҷодаи пуршебу фарозро муносиб дониста, дар ниҳоят соҳиби обрӯй ва иззату икроми халқи азаизаш гардидааст.

Афалшоҳи Шодӣ баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ ба Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бо муваффақият хатм кардааст. Дар ин боргоҳи ҳунар овозхони оянда аз устодони машҳури санъати “Шашмақом” - Барно Исоҳқова, Рафел Толмасов, Ҷӯрабек Муродов, мусиқишиносон ва оҳангсозони мумтоз -Фаттоҳ Одинаев, Хайрулло Абдуллоев нозукиҳои санъати мусиқӣ ва овозхониро омӯхта, миёни ҳамкурсону ҳамсолонаш эътибори хос пайдо намудааст. Баъди хатми ин боргоҳи ҳунар мутриби ҷавонро ба Филармонияи давлатӣ ба кор қабул менамоянд. Дар ин макони ҳунару санъат ҳофизи ҷавону боистеъдод аз ду тан устоди санъат, ҳофизони номдори кишвар ва мураббиёни сахтгир - Зафар Нозимов ва Ҷӯрабек Муродов касби сарояндагиро омӯхта, барои мутриб хуб шудан ва ҳофизи боистеъдод гардидан талошҳои зиёд менамояд. Вай аз устодони соҳибмактаб нозукиҳои мусиқии классикӣ ва халқиро омӯхта, қобилияти овозхонии худро сайқал медиҳад. Ҳамзамон, бо устодони маҳбубаш дар баробари тамрини сурудҳо овозхонӣ карда, барои тақвияти овоз ва интихоби шеър ба пирони мусиқӣ такия менамояд ва аз усули анъанавии мактаби “шогирду устод” бо муваффақият гузашта, бо фотеҳеаи ду ҳунарманди асилу нотакрор мустақилона суруд ходанро шуруъ менамояд.

Дар баробари ин, Афзалшоҳ бо шоирону адибони номдор, устод Лоиқ Шералӣ, Мастон Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Ҳабибулло Файзулло, Қутби Киром ва дигарон дӯстӣ пайдо намуда, аз онҳо нозукиҳои шеъру сухан, назокату нафосати каломи бадеъ, интихоби дурусти шеър ва зарофату латофати сухани муқаффою мухайялро омӯхта, дар ин ҷода низ муваффақ мегардад. Ҳамин омӯзиши қофияву вазн, азбарнамоии порчаҳои тараннумӣ, риояи радифу ҳиҷо ва шиносоӣ ба вазни арӯзу шеъри озод Афалшоҳои боистеъдодро ошиқи шеъру каломи пурмуҳокоту пурмазмун намудааст. Ҳофизи босалиқа дар сарояндагӣ адибони мазкурро устоди худ медонад ва ҳамеша аз эшон ба некӣ ёд мекунад. Ин ду мактаби бузург ва даргаҳи шеъру сухан ба ҳунари эҷодии Афзалшоҳ сахт таъсир расонида, ӯро ҳунарпешаи асил ва маҳбуби мардуми тоҷик гардонидааст.

Солҳои баъдӣ Афзалшоҳи Шодӣ тавассути ин мактабҳо дар ҷодаи мусиқӣ ва суруд пайраҳаи худро пайдо карда, яке аз ҳофизони машҳури Тоҷикистон гардидааст. Вай дар интихоби оҳанг ва суруд хатто накарда, ҳамеша сурудҳоеро месарояд, ки ба дили шунаванда роҳ ёфта, хотирашро болида мегардонад. Шеърҳои интихобкардаи Афалшоҳ мазмуни баланди ҳаётдӯстона дошта, ба дилҳо шодӣ ва ба тану ҷон роҳат афзун менамоянд. Махсусан, Афзалшоҳ дар интихоби ғазалҳои ноб, сурудҳои васфӣ, абёти ошиқона маҳорати хос нишон дода, дар интихоби мусиқӣ, асбоби созӣ ва ритми муносиб хатто намекунад ва ҳамеша оҳангашро ба зарби эҳосоти одамон қарин мегардонад. Дар сурудҳое, ки ба васфи Тоҷикистон ва зебоии табиати дилфиреби он бахшида шудаанд, ҳамин ҳолатро бештар дидан мумкин аст. Ҳамзамон, дар суруду оҳангҳои Афзалшоҳ дарду ҳиҷрони ошиқон, нолаву ҳасарти дилдодагон ва нозу карашмаи маъшуқаҳо ва ҳусну ҷамоли дилкаши хубрӯён бештар ситоиш ёфта, оҳангҳои ин сурудҳо бо мазмуни шеърҳо печидагии зиёд дошта, зарби мусиқӣ ва лаҳни овози ҳофизро комил гардонидаанд. Ин сурдҳо ба завқи отифонаи шунаванда таъсир расонида, ӯро мухлиси оҳангу суруди дилнаво менамояд. Дар ҳар суруди Афзалшоҳ заҳмати эҷодиро мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, шунаванда ва тамошобин интизори сурдҳои нав ба нави ин ҳунарманди халқӣ буда, бо номаш ифтихор менамоянд ва бо завқ сурудаҳояшоро гӯш дода, шеъру суруди нави ӯро интизорӣ мекашанд.

Ба қарибӣ дар толори Филармонияи давлатӣ Афзалшоҳи Шодӣ консерти баҳориро пешниҳоди мухлисонаш намуд. Дар ин барномаи консертӣ бисёр суруду оҳангҳо нав буданд ва аз дилу ҷон садо медоданд. Ду шеъри вай, ки ба васфи модар бахшида шуда буд, ҳам аз ҷиҳати банду басти оҳанг ва ҳам аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво як бозёфти ҳунарӣ ба ҳисоб мерафт. Шеърҳои лиркии вай хело зебову дилаш садо доданд. Аммо ашъори ба васфи Тоҷикистон, Ватани маҳбуб ва тавсифи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихобкардаи вай ҷолиб баромада, ҳар кадом дорои пафоси баланд ва мусиқии мутантан буданд. Ин сурудҳои ватандӯстона аз ҷониби шунавандагон ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар консерти мазкур ҳар як сурд ва оҳанг ҷойгоҳи хос дошт ва бори дигар аз маҳорати сарояндагӣ, истеъдоди комил, мутриби асил ва ромишгари тавоно будани Афзалшоҳи Шодӣ дарак медоданд.

Воқеан, устод Афзалшоҳи Шодӣ дар ҷодаи санъати касбӣ, анъанавӣ, халқӣ ва ҳунари ромишгарӣ ва овозхонӣ дар санъату мусиқии муосир мақому манзалати бузург дошта, дар дили халқ роҳ ёфтааст. Мардум чунин санъакорони асилро дӯст медорад ва аз тоза ба тоза ва нав ба нав пешниҳод кардани сурдҳояшон шод мегардад.

Ба устод Афзалшоҳ, ки солрӯз доранд, ин пирӯзиҳо ва парвозҳои баланди эҷодиро муборакбод менамоем.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, академик

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД