Овозхони шуҳратёри тоҷик Нигина Амонқулова ба ҳамватанони худ дар мавриди чӣ гуна сипарӣ кардани ҳар дақиқаи умр чанд маслиҳати судманд додааст.
Ӯ дар саҳифаи Инстаграм акси навашро нашр карда, дар баробари ин, ба мардуми тоҷик чанд маслиҳат додааст, ки донистани онҳо аз манфиат дур нахоҳад буд.
“Интизор нашавед, ки кай мактабро хатм мекунеду кай соҳиби фарзанд мешавед, кай ба кор медароеду кай ба нафақа мебароед, кай издивоҷ мекунеду кай ҷудо мешавед, кай хонаву мошини нав мехаред. Мунтазир набошед, ки дирӯз ҷумъа буду пагоҳ шанбе мешавад. Баҳору тобистон ва тирамоҳу зимистонро низ интизор нашавед. Лаҳзаҳои хушбахтӣ гаронбаҳоянд, ин макони охирини сафар не, балки худи сафар аст. Кор кунед, на ба хотири пул, дӯст доред, на барои ҷудо шудан, рақс кунед, на барои тамошои дигарон. Даҳшатноктарин иштибоҳе, ки ҳар яки мо дар ҳаёт содир мекунем, пайгирӣ намудани ҳадафҳо дар тамоми ҳаёт мебошад. Чӣ гуна паси сар шудани умрро нафаҳмида мемонем. Барои анҷом додани кори арзанда, дар соҳил истодану аз оби хунук ва ғарқшавӣ тарсидан лозим нест, балки ба дохили об дароед ва тавре вонамуд кунед, ки шиновар ҳастед”,-навиштааст, бону Нигина Амонқулова.
Ин матлаби овозхонро беш аз даҳ ҳазор нафар писандида, қисми зиёди корбарон ҷонибдорӣ кардаанд. Нигина Амонқулова аз шумори камтарин санъаткоронест, ки андешаҳояш аз ҷониби мухлисон ба зудӣ пазируфта шуда, шӯру ғавғоро ба миён намеоранд.