Formula novemver 2024
МУРОД БАРОИ ҶАРОҲИИ ПЛАСТИКӢ АЗ ХАНДА ҶУДО ШУД?
2491

Ҳунарпеша ва мудели ҷавону зебои Туркия Ханде Эрчел моҳи июли соли 2020 аз шавҳари шаҳрвандияш Мурат Далкилич ҷудо шуд. Дар чандин саҳифаҳои интернетӣ хабарҳо дар он маврид парвоз мекарданд, ки гӯё аввалҳои моҳи июл ин ду ҷуфт туйи боҳашаммат барпо хоҳанд кард, аммо...

Хилофи интизорӣ дар яке аз мусоҳиба Эрчел ба саволи “Оё боре дар бораи арӯиятон фикр кардаед?” чунин посух дод “Ҳамроҳ бо Мурат ҳоло бобати ин масъала наандешидаем, ҳар кадоми мо бизнеси худро дорем”. Аз ин бармеояд, ки ин ду эҷодкор чунон саргарми кор шудаанд, ки барои туй оростан вақт надоранд.

Охирҳои моҳи июл Ханде ва Мурат бо қарори қатъӣ аз ҳам ҷудо шуданд.Баъдан сабаби ҷудоӣ маълум гардид. Мурат ба Эрчел ҳарчӣ зудтар пешниҳоди издивоҷ намудааст. “Барои арӯсӣ кардан омодаам, аммо тибқи нақша чанд соли оянда модар шуданӣ нестам”-шарт зебосанами синамои турк Ханде Эрчел.
Аслан шартномаи кор оид ба иштироки ӯ дар сериали “Дарамро бикӯб” (Постучи в мою дверь) барои модар шудан ба Ханде монеа эҷод кард.


Муаммои дигар дар бораи хонум Эрчел ин-яку якбора хароб шудани ӯст. Мухлисонаш ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, якеи онҳо харобшавии Хандеро ба парҳез аз хурдани гӯшти зиёд асоснок менамоянд, аммо гурӯҳи дигар ду по ба як мӯза андохта, исрор менамоянд, ки ӯ ҷарроҳии пластикии рӯй намудааст.
Ханде ҳамон рухсораҳои фарбеҳи худро, ки ба ҳуснаш ба маротиб зебогӣ зам менамуд, хароб намудааст ва устухони рухсораҳояшро низ гӯё ҷарроҳӣ карда бошад.

Аксари ҳунармандони машҳури синамои Ҳолливуд чунин амалиётро ба худ раво дидаанд ва дар олами ситораҳо ин чизи муқаррарист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД