Маҳсулоти лозима:
2-3 пора гӯшти лаҳми мурғ, 3 қошуқ соуси соя (соевый соус), 3 қошуқ асал, 1 дандона сирпиёз, равғани зайтун барои пухтан.
Тарзи таҳия:
Соуси сояро бо асалу сирпиёзи куфта омезиш диҳед. Гӯшти мурғро шуста, реза кунед. Дар тобаи тасфон пораҳои гӯшти мурғро бирён карда, оташро паст кунеду соуси асалу сирпиёздоштаро илова кунед. Хӯрокро то пухтанаш кофта истед, то ки насӯзад.