Як марди тоҷик кӯдаки 10-слаи русро аз марг наҷот додааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми март рӯй дода, ҳангоми баргаштан аз курси касбомӯзӣ Максим ном хонандаи синфи 4 ба истгоҳи метрои Багратионовская медарояд ва бо роҳи ҳаррӯзааш ба сӯи ноҳияи Сокольникий равона мешавад, вале канори платформаро надида меафтад.
Ин фалокат ҳангоми ивази нақлиёт дар истгоҳи метрои “Библиотека имени Ленина” рух дода, як марди муҳоҷир бачаро наҷот додааст.
Яке аз мусофирони метро ба хабарнигорон гуфтааст, ки як марди зоҳиран осиёӣ кӯдакро ба болои платформа баровард. Дертар маълум гашт, ки наҷотдиҳанда як муҳоҷири 40 солаи тоҷик будааст.
Наврасро ба беморхона бурда, дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ карданд. Вазъияти бемор вазнин буда, гурдааш даридааст.
Наҷотдиҳандаи Максим, ки зодаи Тоҷикистон мебошад, маҷбур шуд, ки бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбат кунад. Мард асли воқеаро нақл карда, гуфтааст, ки баробари дидани афтодани кӯдак дарҳол ба имдод шитофта, ӯро наҷот дод.
Ин марди тоҷик 20-сол боз дар шаҳри Маскав буда, аз ҳисоби кор дар сохтмонҳо ва таъмиру тармим зиндагиашро пеш мебурдааст, аммо айни замон бекор будааст.
Ин аввалин қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик набуда, пештар низ тоҷикон чандин маротиба ҷони худро дар хатар гузошта, кӯдакон ва калонсолонро дар Русия аз марг наҷот дода буданд. Соли 2019 гуруҳи муҳоҷирон аз шаҳри Панҷакенти Вилояти Суғд дар шаҳраки Яблоновскийи Ҷумҳурии Адигеяи Русия, навраси 13-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Онҳо дар сохтмоне дар наздикии рӯдхона машғули кор буданд ва садои кӯмакхоҳии кӯдакрошунида, зуд барои наҷот доданаш шитофтанд. 22- августи соли 2018 бошад, як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик дар деҳоти наздики Маскав, як кӯдакро аз ҳамлаи саги зоти Ротвейлер наҷот доданд. Настяи 11-сола дар кӯча бо дӯсташ қадам мезадааст, ки ногоҳ аз паси девор як саги бадҳайбат баромада ба духтарак ҳамла мекунад. Ин ҳангом чанд нафар муҳоҷирони тоҷик дар ҳамон наздикӣ ба кор машғул буданд ва садои кӯдакро шунида ба ёрӣ шитофтанд. Дилшод ном муҳоҷир ба пушти саг, ки аз гӯлӯи кӯдак дошта буд, се маротиба бо бел мезанад. Саг аз зарби бел мегурезад. Муҳоҷирон ба кӯдак то омадани ёрии таъҷили ёрии аввалинро мерасонанд ва духтарчаро ба мошин бор карда ба роҳ мебароянд. Онҳо духтуронро дар роҳ вохӯрда кӯдакро ба онҳо медиҳанд. Духтурон ба бибии кӯдак гуфтаанд, ки Худо ба Настя ҳаёти дубора бахшидааст.