Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, барандагони ҷоизаҳоро дар бахшҳои мухталифи соҳаи варзиш муайян кард.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023» дар Малайзия ғолиб омад, ҷоизаи «Беҳтарин дастаи соли 2023»-ро соҳиб шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин федератсияи варзишии кишвар дар соли 2023 эътироф гардид.
Ёдрас мешавем, ки Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббиихорватӣ Петр Сегрт дар Ҷоми Осиё-2023 бомуваффақият баромад карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва дар таърихи варзиши кишвар дастоварди беназирро сабт намуд.