Ҳаҷвнигори ҷавони тоҷик Илҳомҷони Шодӣ, ки бештар бо лақаби Мугамбо машҳур аст, дар барномаи “Медонӣ ё не?” зимни сӯҳбати ошкоро бо блогердухтар Фараҳноз иброз доштааст, ки тарки саҳна карданист.
Ба гуфтаи ҳунарманд, ӯ дар оянда нақша дорад, ки ба зиёрати хонаи Худо равад ва албатта баъди ҳоҷӣ шудан ба фаъолияти санъаткориаш нуқта мегузорад.
Илҳомҷон қайд кард, ки аввал манбаи эҷодиёташ сомонаҳои иҷтмоию интернетӣ буданд, аммо айни ҳол ҳангоми ҷустуҷӯи идея фақат бо маводҳои худаш дар интернет вомехӯрад.
“Ҳамкории мо бо Дон Жуан (Дӯстмурод Шарипов) идома дорад ва ҳар боре, ки як ҷо шавем, ягон мавод тайёр мекунем,”- қисса кардааст Илҳомҷон.
Бояд зикр намуд, ки ин ҷавони шӯху бебок соли 2012 пас аз як филми мазҳакавӣ бо унвони “Овораи ишқ” машҳур гашта, ҳаводорон ва мухлисони зиёде пайдо намуд. Дар филми мазкур Илҳомҷон нақши Мугамборо мебозид ва аз ҳамон замон инҷониб лақаби Мугамбо ба ин ҳунарманди ҷавон часпида, номи аслиашро бисёриҳо гӯё фаромӯш карданд.