new banner new years
Мубориза бо бемории сил ва ВНМО баррасӣ шуд
503

Дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Бемории сил ва ВНМО» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятие, ки дар самти мубориза бо бемории силу ВНМО фаъолият мекунанд,  иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки мубориза бо бемории силу ВНМО ва дастгирии шахсони аз ин беморӣ осебдида зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Иштирокчиён вобаста ба татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» сухан гуфта, аз бурду бохти соҳа давоми солҳои татбиқи барнома ёдовар шуданд.

Гуфта шуд, ки хурдтарин таваҷҷуҳ ба ин беморӣ муҳим буда, нақши Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилон дар роҳандозии муборизаҳои зиддисилӣ ва самаранокии он муҳим аст. Инчунин тазаккур дода шуд, ки ин нахустин баррасии бемориҳои сил ва ВНМО дар Парлумон набуда, соли 2017 низ бо ташаббуси Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» бемориҳои сил ва ВНМО дар Парлумон баррасӣ гардида буд.

Дар анҷоми ҳамоиш байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД