Ҳоло сурудҳои ӯро миллионҳо нафар такрор ба такрор гӯш мекунанд. Барои мисол, суруди охираш, ки бо номи "Кам-кам дил меканам" як моҳ пеш нашр шуда буд, танҳо дар YouTube зиёда аз даҳ миллион маротиба бозбинӣ шудааст.
Ҳар рӯз обуначиёнаш як пешравӣ, як навигариашро дар Инстаграм мебинанд ва шод мешаванд. Дар "сториз"-ҳояш нишон медиҳад, ки чӣ гуна ӯро гӯш мекунанд, дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд. Ин нафар ровӣ, продюсер, актёр ва сароянда Мубориз Усмонов мебошад.
Фикр мекунем, имрӯз барои мухлисони Мубориз Усмонов шавқовар аст, ки дар бораи гузаштаи ӯ, аниқтараш то замони машҳур шуданаш бидонанд. Хуб, саволи маъмулии гӯшаи мо: то машҳур шудан чӣ гуна буд?
Мубориз Усмонов дар риштаи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Пеш аз ворид шудан ба шоу-бизнес монанди ҳазорҳо донишҷӯи тоҷик барои пешбурди зиндагӣ пас аз дарсҳо кор мекард. Кор аз рӯи ихтисос не, балки дар бозор ба фурӯши помидор, бодиринг, гелос ва ғайраҳо машғул буд. Яъне, аз як бозор маҳсулотро бо нархи пасттар гирифта, дар бозори дигар гаронтар мефурӯхт.
Дар як суҳбат ба мо гуфта буд, ки ман аз помидорфурӯшӣ фахр мекунам, зеро аз кори ҳалол танҳо ифтихор кардан мумкин аст. Меҳнат мекардем ва зиндагиро пеш мебурдем.
Дуруст аст, ки ҳамагон Мубориз Усмоновро пеш аз ҳама ҳамчун ровӣ шинохтаанд. Аммо ӯ дар аввал ҳатто дар фикри ин пеша набуд. Дар яке аз таътилҳо ба зодгоҳаш рафта, аз дӯсташ Наврӯз Сиддиқов, ки он замон радиои “Диёр”-ро фаъол карда буд, ба Мубориз пешниҳод мекунад, ки худро ҳамчун ровӣ санҷад.
Пешниҳодро қабул мекунад ва дар як муддати кутоҳ ровигӣ ба кори асосиаш табдил меёбад. Пасон, ба радиои "Азия-Плюс" меравад, дар Телевизиони Тоҷикистон барномаи овозадори "Имшаб"-ро таҳия мекунад, дар сегменти тоҷикии YouTube аз ҷумлаи аввалинҳо мешавад, ки бо сифати хуб барнома таҳия мекунад, директори "Лаф Радио" ва "Радиои нав" таъин мегардад, овозхон мешавад ва дар миёни як сол бо таҳияи 20 суруд аввалин консерташро дар Душанбе баргузор мекунад.
Агар гап сари ҷавонони муваффақи кишвар равад, ҳатман дар яке аз самтҳо номи Мубориз садо медиҳад, зеро дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи нафаронест, ки шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд. Ӯ намунаи беҳтарин барои зиёд кор кардан, қафо нагаштан, бовар кардан, муваффақ шудан аст.