Ҳорун Роъун - шоири тавоно, таронанависи пуркор ва чеҳрае ошно миёни ҳаводорони адабиёту ҳунар дар давоми чанд соли зиндагӣ ва кор дар Тоҷикистон бо иншои як силсила таронаҳои дилпазир, ки аз ҷониби сарояндагоне чун Манижа Давлатова, Садриддин Наҷмиддин, Нигина Амонқуллова, шодравон Баҳром Ғаффурӣ, Зикриаллоҳ Ҳакимов, Шабнами Сурайё, Суҳроби Маҳмуд, Зайнура Пӯлодова, Сироҷиддин Фозилов ва ғайра иҷро шудаанд, дар рушди эстрадаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон нақши бузургу беназиреро соҳиб мебошад.
Агарчи ҳоло муқими Канада аст, вале бо аҳли адабу ҳунари мо мудом дар иртиботи эҷодист ва барояшон тарона иншо мекунад. Аз ин огоҳ нестам, ки шоир ба поси ин хидмати арзишманди фарҳангӣ-эҷоди таронаҳои шоиставу ҳамапазир аз чӣ қадршиносиҳое баҳравар шудаанд. Вале чаро ин навбат аз ҳузури ин шоири тавоно, ки 2 ҳафта бо ҳамсари азизаш дар меҳани хеш—Тоҷикистон қарор доштанд, ба таври бояд истифода накардем?
Чаро ниҳодҳои ихтисосёфта ба соҳаҳои адабу фарҳанг ва садову симои кишвар аз ҳузури чунин як шоир, ки ҷудо аз таронанависӣ дар Тоҷикистон барои тарғиби сухан, махсусан шеър, таҳияву нашри ашъори адибони классику муосири форсизабон бо хатти сирилик огоҳона саҳим будааст, бояд хабар надошта бошанд?
Дар ҳоле, ки 2 ҳафта муддати зиёдест. Кош бо истифода аз ин фурсат дар толоре маҳфили шеъри адиб барпо мешуд. Маҳфиле бо ҳунарнамоии сарояндагони таронаҳои Ҳорун Роъун. Ҳадди ақал дар сатҳи як телевизион, ки шоир замоне дар Тоҷикистон бо ин соҳа иртиботи эҷодӣ доштааст, бояд чунин як барномаи адабию ҳунарӣ таҳия мекардем. Ташкили чунин чорабинӣ аз ҳар ҷиҳат барои ниҳодҳои фарҳангию адабии мамлакати мо кори сахте нест ва харҷи зиёдеро талаб намекунад. Аммо...
Ҳафтаи равон Ҳорун бо рафиқи шафиқаш, сарояндаи шинохта Сироҷиддин Фозилов меҳмони барномаи пурҳаводори "Ногуфтаҳо" буданд, ки тавассути ютубканали "Орзу Исо" пешниҳод мешавад. Ин барномаи тоза нисбат ба нашрҳои қаблӣ ҷолибтар буд...
Гардонандаи барнома меҳмононро ба сайри табиати меҳан бурд. Оҳҳҳ... аз дарахт чидану хӯрдани мева чӣ қадар лаззатбахш аст, ки дар бахше аз филми "Ногуфтаҳо" чунин саҳнаро дидем!
Атрофи фаъолиятҳои арзишманди Ҳорун Роъун, аз ҷумла эҷоди таронаҳои шуниданӣ, ба ин васила ҳиссагузорӣ дар самти беш аз пеш муаррифӣ шудани овозхонҳои тоҷик, саҳмгузорӣ дар раванди рушди таронанависӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбут ба шеъру суруд суҳбатҳои ҷолиб сурат гирифт. Якчанд таронае, ки шак надорам, қисми зиёде аз мардум шоири онҳоро намедонистанд, номбар шуданд...
Ҳайронам, ки чаро аксари мо дар Тоҷикистон мафтуни таронаву таронахон шуда, аз заҳматҳои шоири он ба нудрат ёд мекунем? Ҳол он ки агар вожаҳои шеъри суруд равону дилчасп ва шоиста барои сурудан эҷод нашаванд, муҳол аст, ки мардум ҳаводории ҳунари сарояндаи тарона кунанд.
Чаро дар Озмуни "Суруди сол"-и мо фақат ба сарояндаҳо ҷавоиз тақдим мешавад? Ба мақсад мувофиқ нест, ки номинаеро бо унвони шартии "Таронанависи сол" илова кунем, то барои дар амал татбиқ шудани андешаҳои дар боло зикршуда заминаҳои мусоид фароҳам оянд? Бояд сари ин масъалаи дар нигоҳи аввал соддаву беаҳаммият ниҳодҳои адабию ҳунарӣ ҳадафмандона корҳои муассиреро амалӣ намоянд!
Бахтиёр РАҲМОНИЁН