Фотима М. 67 сол дорад. Зани бечора аз тарси наберааш ба куҷое, ки наравад, ҳуҷҷатҳои хонашро бо худ мебарад.
“Набераам 17 сол дорад. Бисёр бачаи саркаш ваякрав аст, гапи ҳеҷ касро гӯш намекунад. Аз касе наметарсад. Шабҳо дер ба хона намеояд. Барои шиноснома гирифтан чанд маротиба аз хона пул гирифта рафт, вале то ҳол шиноснома надрад. Намедонам ин қадар пулро дар куҷо сарф кард,- мегӯяд холаи Фотима.
Падараш 6 сол мешавад, ки дар зиндон аст, модари писарак бошад, ӯро партофта рафтааст. Ӯ танҳо як хоҳар дорад.
“Набераи духтариям имсол ба синфи 9 гузашт. Ҳанӯз хурд бошад ҳам, баъзан вақт дар ягон ҷо кор карда, каму беш даромад ба даст меорад. Духтар бшад ҳам, сару либоси мактабиашро бо пули меҳнати худаш мехарад, то ки аз мактаб ва ҳамсолонаш қафо намонад”,-бо алам қисса мекунад ин зани солхӯрда.
Момаи Фотима ҳамагӣ 300 сомонӣ нафақа мегирад ва зиндагиашро бо азоб пеш мебарад, вале бобои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, наберааш дар даврони пирӣ балои ҷони кампир гаштааст.
“Ман танҳо як орзу дорам, ки намераамро Худованд ба роҳи рост ҳидоят кунад ва дигар корҳои беақлонаашро такрор накунад, вагарна ин бача маро пеш аз аҷал мекушад”,-ҳасрат мекунад пиразан.
Холаи Фотима аз хнандагони сомонаи Оила. ТЧ маслиҳат пурсиданист, ки бо набераи гапнодароям чи кор кунад ва бо кадом усул ин бачаи саркашро ба рҳи одамгарӣ дарорад?
Метарсам, ки ин бача хонаамро аз ман пинҳонӣ мефурӯшад ва дар сари пириҳо дар кӯча мемонам. Ягон ҷойи муносиб барои пинҳон кардани ҳуҷҷатҳои хона надорам. Илтимос, ба мани кампир маслиҳат диҳед, чи кор кунам?