Меҳрубони Равшан, овозхони солҳои охир кампайдои тоҷик дар як ролики таблиғотӣ аз муҳоҷирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки дар ҳудуди Русия кору иқомат доранд, даъват кардааст, ки дар бозии бурдноки “Равшан-лоторея” иштирок намоянд ва соҳиби мошину дигар туҳфаҳои гаронбаҳо бишаванд.
“Дар бозӣ се автомобили тамғаҳои “Audi Q7”, “Chevrolet Cruze”, “Nissan Teana” ва 20 телефони мобилӣ, 10 яхдон, 10 мошинаи ҷомашӯӣ, 15 телевизор, 10 чангкашак, 10 дарзмол, 10 дучарха, 10 тафдони мавҷӣ (микроволновка) гузошта шудааст ва ҳар нафаре, ки бурд мекунад, бидуни фиребу найранг соҳиби туҳфа мешавад”,-мегӯяд, овозхон дар рафти ролик.
Барои ин муҳоҷиронро зарур аст, ба суратҳисоби “Равшан-лоторея” ҳамагӣ 1000 рубл гузаронанд ва бахти худро бисанҷанд. Ин паёми Меҳрубони Равшан миёни корбарони Интернет ва муҳоҷирон баҳси дундеро барангехт, зеро чуноне қаблан иттилоъ дода будем, охири моҳи май овозхон аз афроди саховатпеша ва хайрхоҳ барои баргардонидани қарзи бонк ва ҷарроҳии дасташ кӯмак хоста буду ҳоло дар ролики як бозии бурднок муҳоҷиронро ба санҷиши бахт даъват мекунад. Корбарони Интернет бар он назаранд, ки овозхон бо кӯмакҳои аз ҳисоби мардум ҷамъкардааш ин бозиро ташкил кардаасту муҳоҷиронро фиреб мекунад, аммо худи Меҳрубон ин иттиҳомро рад мекунад.
“Бозии бурднок ба ман дахл надорад. Танҳо онро таблиғ кардам ва маблағи муайянеро ҳамчун ҳаққи хизмат гирифтам. Ман на мошин гузоштам, на пул ва на созмондиҳандаи ин бозӣ ҳастам. Дуруст, ман барои мушкиле, ки доштам аз афроди хайрхоҳ кӯмак хостам ва онҳо низ ба ман дасти ёрӣ дароз карданд. Ҳоло бисёриҳо фикр доранд, ки гӯё ман бо кӯмаки мардум бозӣ ташкил кардам. Агар чунин коре карда бошам, ба ману фарзандонам насиб накунад”,-гуфтааст, овозхон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Меҳрубони Равшан моҳи декабри соли гузашта бо нияти барпо кардани консерт ба Русия рафта буд ва бинобар паҳн шудани коронавирусу баста шудани марзҳо дар ғарибӣ дармонд. Ӯ мегӯяд, баъди барқарор шудани парвозҳо ба Ватан бармегардад ва боз дар хизмати мухлисонаш хоҳад буд.