Меҳрнигори Рустам - сарояндаи ҷавони эстрада муддати ду ҳафта дар карантин ва бемор шуданаш ба мухлисонаш хабар додааст.
Овозхон инро аввалан дар шабакаи инстаграми худ ва баъдан дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар шабакаи Youtube ошкор намуда, гуфтааст, ки ду ҳафта боз дар хона нишастааст ва ҳамин рӯз худро беҳтар эҳсос мекунам, вагарна бетоб будам. Зуком доштам", - гуфт Меҳрнигор.
Ба гуфти сароянда ӯ авохири моҳи апрел барои сабти намоҳанги ҷадиди худ, ки суруди бадахшонӣ будааст ба Данғара сафар карда, пас аз як рӯзи ин сафар вазъияташ ногувор шудааст.
Тавре худи ӯ мегӯяд: "Маззаро эҳсос намекардам, беҳолӣ буд, овозам гирифт, биниям маҳкам шуд ҳарорат ҳам доштам", ва афзуд, ки пизишкон ба ӯ ташхиси аллергия гузоштанд.
Ба гуфти Меҳрнигор намоҳанги нави ӯ дар остонаи Иди Фитр ҳамчун армуғон барои мухлисонаш пешкаш хоҳад шуд.
Дар ин барнома қайд шуд, ки вазъияти имрӯз агар аз як тараф мушкилоти зиёдеро бар сари одамият оварда бошад, аз ҷониби дигар фурсати хубе барои якҷо будани аҳли хонаводаро муҳайё кард.