gazprom august 2025
Матлуба Раҳимова чаро аз ҳамсараш ҷудо шуд?
13.09.2025
СИПЕҲР
199

Матлуба Раҳимова - сарояндаи саршиноси тоҷик аз шавҳараш ҷудо шудааст. Ӯ дар ин бора худаш зимни суҳбат бо рӯзноманигор Орзу Исоев дар барномаи “Ногуфтаҳо” иттилоъ дод. Фишурдаи он суҳбат манзури шумо мешавад.

ДАРИЧАИ ОШНОӢ:

Матлуба Раҳимова – сарояндаи маъруф, корманди Ансамбли давлатии “Фалак”. Соли 1987 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Ӯ модарзод нобино мебошад. Соли 2008, дар ҷашнвораи "Фалак" ҳунарнамоӣ кард ва писанди мухлисон шуд. Ба ҳунари ӯ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, барояш манзили зист ҳадя кард. Матлуба Раҳимова 28-уми сентябри соли 2020 оиладор шуда буд. Дар маросими тӯйаш овозхони маъруфи тоҷик Сурайё Қосимова ва дигар ҳунармандони маъруф иштирок доштанд.

- Матлубаҷон, ба ман гуфтанд, ки аз шавҳарат ҷудо шудаӣ?

- Бале.

- Чӣ иттифоқ афтод?

- Аслан, намедонам. Фақат фикр мекунам, ки на муқассир ман будам ва на шояд ӯ. Тақсири касе набуд. Фақат қисмат нахост. Сарнавишт. То ҳол мешавад, ки ман ба деҳа меравам ва ӯро мебинам. Салому аҳвол мепурсем.

- Чӣ тавр ҳамдигарро мебинед?

- Ӯ бо писараш аст. Куҷое меравад, писаракаш аз дасташ мегирад. Кумакаш мекунад. Писараш як ҷӯре ба ман меҳр дорад. Ҳамхун ҳам ҳастем. Умед бачаи амаи ман аст.

- Писари Умед аз ҳамсари аввалаш?

- Бале.

- Аз ин ҷо бармеояд, ки ту ҳамсари дуюмаш будӣ?

-Бале.

- Вақте арӯсӣ кардед, бо ҳамсари аввалаш зиндагӣ дошт?

- Бале.

- Бо ин вуҷуд барои издивоҷ розӣ шудӣ?

- Ишқ Шеронро ба мӯе банд дар гардан ниҳад

В-арна ман кай аз касе боби таназзул доштам.

- Тавонистӣ?

- Бале, чун ман дӯсташ медоштам.

- Зани аввалааш огоҳ буд?

- Бале. Вале мо ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷангҷол ва занонзанӣ, рӯканиву мӯкании занона надоштем. Ва ман ҳоло агар дар дунё як ташаккур қарздор бошам, аз ӯст.

- Аз кӣ? Аз Умед?

- Не аз ҳамсараш. Барои он ки моҷаро накард. Дари хонаи ман наомад. Ҳеҷ кас обрӯяшро аз сари роҳ наёфтааст ва ӯ бо обрӯйи ман бозӣ накард.

- Ҳарчанд метавонист?

- Бале

- Ҳақ дошт?

- Бале, ҳақ дошт. Вале ин ишқе буд, ки аз даврони кӯдакиву наврасӣ оғоз шуд ва замони ҷавонӣ идома ёфт. Ман дар 32-33-солагӣ оиладор шудам ва ин ишқ бузург шуда буд. Ҳамеша Умед мегуфт, ки ба ҷуз марг моро касе ҷудо карда наметавонад ва шояд насиб нагуфт. Аз ҳамин хотир. Барои ман ҳамин ки дар дунё зинда аст, нафас мекашад, ҷойи шукр аст.

- Ҳамсари Умед низ нобиност?

- Не. Маъюбияташ аз пой аст, вале зани хубу хонақап аст, ки истод. Дигар зан мебуд моҷаро мекард.

- Чанд фарзанд дошт Умед вақте издивоҷ кардед?

- Ҳар се фарзандаш буд. 2 духтар дораду 1 писар. Шояд барои духтаронаш қабул кардан сахт буд, чун духтарҳо нозуку норинҷӣ мешаванд. Вале писараш мушкил надошт. Меомаданд хона. Шабҳо ин ҷо мемонд. Модараш ҳам медонист... Мо бо Умед ҳеҷ гоҳ ба ҳам даст набардоштем, садо баланд накардем. Фақат охир вақтҳо дер-дер меомад, беэътино шуд.

- Сард шуд?

- Бале. Ман бетаваҷҷуҳ зиндагӣ карда наметавонам. Мешуд ҳафтаҳо намеомад. Фақат ҳамин сабаб шуд, дер омадан дур мондан. Ман хоҳиш кардам аз Умед, ки бе моҷаро хушӣ ба хушӣ ба ин зиндагӣ хотима гузорем.

- Аҷаб, магар ин тавр мешавад, ки бе моҷаро як зиндагии ошиқона хатм бишавад?

- Шуд ҳоло.

- Матлуба, ба назарат чаро чунин сардиҳо дар миён афтод?

- Ман ростӣ намедонам. Ҳамеша меомад, чеҳраам шод, дилам боз, хонаам озода, хурокам омода ва худам ҳам дар хизматаш будам ва аз сабабе, ки зиёд дӯсташ медоштам мисли кӯдак аз ӯ нигаҳдорӣ мекардам. Ин рост аст, ӯ нест худояш ҳаст.

- Ҳисси пушаймонӣ туро фаро мегирад?

- Не, чун рӯзҳои хуб доштем.

- Агар зани аввал мебудӣ, иҷоза медодӣ, ки шавҳарат зани дуюм гирад?

- Ростӣ инро таҷриба накардаам, бинобар ин, ба ин савол ҷавоб дода наметавонам.

- Бо он зан боре вохӯрдӣ?

- Бале. Бори охир ду рӯз пеш аз тӯям... Не, баъдан як бори дигар дидам. Барои сабти суруд мерафтем. Рӯзи боронӣ буд. Мо вохӯрдем. Салом кардем, дастонаш сард буд. Гуфтам дастҳоят сард шудаанд. Умед тарсид, ки ҷанг мешавад, вале он зан хонумӣ кард ва чизе нагуфт, фақат гуфт, ки хӯрок омада мекунам, агар фурсат кардед, биёед.

- Дигар чизе нагуфт?

- Не.

- Дар поёни ин ҳодиса фақат сипос ба он зан гуфтӣ ба Умед нагуфтӣ. Чаро?

- Ба назари ман он зан мардтар аз марди мавриди назари мост.

- Аз кадом ҷиҳат?

- Ҳама ҷиҳат.

- Тавсиф кун...

- Биёед баргардем ба дигар суолҳо. Дуо мекунам ва аз мухлисонам мехоҳам дуо кунанд, ки ин танҳоиҳое, ки дорам пушти сар шаванд. Хеле мушкил аст танҳо будан барои зан. Паноҳи ҳама занҳо мард аст, баъди Худованд. Дигар намехоҳам бепаноҳ будан. Ҳама зан дӯст дорад, ки як марди воқеан мард даст ба сари хастааш, ба дили шикастааш гузорад ва паноҳаш бошад. Ин бепаноҳӣ бароям хастакунанда шуд.

- Чаро ин ҳама сол бо Умед соҳиби тифл нашудед?

- Вақте ба духтур муроҷиат кардам, сабаби ҷиддӣ набуд ва ӯ нарафт барои ташхис. Мегуфт, ки ман аллакай дорам фарзанд. Шояд ман зиёд талаб кардам, ки фарзанддор шавем, зиндагимон мустаҳкамтар шавад. Намедонам. Бояд аз худи ӯ пурсид.

- Аз ҷудо шудан пушаймон шудӣ?

- Не.

- Ҳеҷ кас ҷойгузини ӯ нашуд дар дилат?

- Ҳаст. Як касе хеле сахт хостгорам ҳаст, талабгору харидорам. Ҳоло барояш ҷавоби оре нагуфтаам. Хостам бо хонаводаам машварат кунад. Онҳо ки розӣ шуданд, ман қабул мекунам.

- Ин оре гуфтан тӯл мекашад?

- Не, ҳамин фардову пасфардо бояд ҳал шавад. Чун он тараф одами хуб аст. Мехоҳам як зиндагии одии бидуни дағдаға бунёд кунам.

Таҳияи СИПЕҲР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД