Шабакаҳои иҷтимоӣ макони хубу ройгон барои муаррифӣ намудани ҳунар ҳастанд. Дуруст аст, ки ҳоло соҳаи блогинг дар кишвари мо ба андозаи бояду шояд рушд накардааст, аммо меҳнату ҳаракати бархе аз фаъолонро дида, кас ба ояндаи хуби ин соҳа умед мебандад. Яке аз корбарони фаъоли сегменти тоҷикии Инстаграм Маъруф Акобиров мебошад.
Дар Инстаграм Маъруфро зиёда аз 66 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд ва ӯ аз ҷумлаи блогерони хушзавқест, ки ба таҳияи наворҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ машғул аст. Мавзуъҳои қарздорӣ, бекорӣ, муносибати ҳамсинфон, зангириву зандорӣ, пулдориву бепулӣ ва ғайраҳо дар маркази эҷодаш меистанд.
Ҳоло дар фазои маҷозӣ блогероне, ки наворҳои ҳаҷвӣ омода мекунанд, зиёд аст, аммо маҳсули эҷоди Маъруф Акобиров бо он фарқ мекунад, ки аз ҳаҷваш ибрат гирифтан мумкин аст. Блогери мазкур дарк мекунад, ки ҳаҷв на танҳо барои хандидан аст, балки ба воситаи он мардумро тарбия намудан имкон дорад ва ӯ ин корро хуб анҷом медиҳад. Аз саҳнаҳои кӯтоҳаш баръалост, ки бо мақсади муайян онҳоро таҳия мекунад ва кӯшиш менамояд, ки дар баробари ханда, боз чизе бидиҳад ба тамошобин.
Мо бо Маъруф Акобиров суҳбати кӯтоҳ доштем ва ӯ ба мо нақл кард, ки пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ дошт ва ба чӣ корҳо машғул буд.
- Ман соли 2020 ба соҳаи блогинг омадам. Пеш аз блогерӣ як зиндагии оддӣ доштам, ба қавле бо як бурида нону як пиёла об қаноат мекардам. Мутаассифона, кори доимӣ низ надоштам, ҳар вақте ки коре пайдо мешуд, иҷро мекардам ва ҳамин тавр рӯз мегузаронидам. Муддате дар Федератсияи Россия муҳоҷир ҳам будам. Баъдан, соли 2020 бо чанде аз дӯстон танҳо барои худамон наворе гирифтем. Онро дида, бархе таъриф карданд, ки аз дастам чунин кор меояд ва ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ба соҳаи блогинг ворид шудам.
Маъруф дар идомаи суҳбат доир ба таҳияи саҳнаҳои ҳаҷвиаш чунин гуфт:
- Чун дар соҳаи блогинг нусхабардорӣ хеле зиёд аст, дигар мардум ба блогерон боварии кам доранд, ки онҳо ҳам метавонанд худашон идея дошта бошанду саҳнаҳое таҳия кунанд, ки маҳсули фикри худашон аст. Барои мисол, ман ҳама саҳнаҳоямро худам фикр мекунам, сенария менависам ва таҳия мекунам. Акнун, бояд мардумро бовар кунонем, ки худамон ҳам бархе корҳоро анҷом дода метавонем.
Ҳамсуҳбати мо дар мавриди душвор будани кори блогерӣ ва нафъ ба даст овардан чунин гуфт:
- Мутаассифона, бархеҳо фикр мекунанд, ки блогерӣ кори осон аст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳама кори дунё душворӣ дорад. Дар соҳаи блогинг барои таҳияи саҳнаҳои хубу диққатҷалбкунанда хеле зиёд заҳмат кашидан лозим аст. Аз пайдоиши идея то навиштану сабту танзим, ки раванди осон нест, меҳнат бояд кард. Дар мавриди он ки аз фаъолияти блогерӣ чӣ гуна фоида ба даст овардан мумкин аст, ҳаминро мегӯям, ки ман ба ин соҳа барои пул кор кардан омада будам, вале бовар кунед, то ҳол ҳеҷ фоидае нагирифтам. Умедворам, ки рӯзҳои хуб дар пешанд.