Formula novemver 2024
МАРДРО АЗ РӮИ ГУРӮҲИ ХУНАШ ШИНОХТАН МУМКИН АСТ?
04.09.2021
Оила
2268

 

Шунидам, ки гурӯҳи хун ба ҳаёти инсон таъсири сахт доштааст ва ҳатто парҳезро мувофиқи гурӯҳи хун риоя кардан лозим будааст.

Олимон муайян кардаанд, ки тавассути гурӯҳи хун рағбати ҷинсии мардро фаҳмидан мумкин аст. Илтимос, дар бораи чор навъи хун ва чор навъи мард маълумот диҳед

Мастона

Хуни гурӯҳи 1

   Мардҳое, ки дар рагҳояшон хуни гурӯҳи якум ҷорӣ аст, ба маънои томаш «мард» ҳастанд. Қариб баъди ҳар даҳ дақиқа ба сарашон андешаи мубошират меояд. Бо дидани пойҳои лучак ё куртаи танги зан девона мешаванд, вале зани чунин мард зуд аз меҳрварзӣ «сард» гардад, мард низ сард мешавад. Хирагии занро эҳсос намояд, аз ӯ гурехта пинҳон мешавад. Чунин мардонро занҳои фаъол метарсонанд. Мардакатон хуни гурӯҳи якум дошта бошад, агар бо як зан қаноат накунад, ҳайрон нашавед. Мард не, хунаш гунаҳкор аст.

Хуни гурӯҳи 2

   Мардҳои гурӯҳи хунашон дуюм аз мардони хунашон якум куллан фарқ мекунанд. Хислаташон ором буда, ҳамеша нозу нузи занро мебардоранд. Аз меҳрубонӣ хаста намешаванд. Аз чунин мард рафтори ғайриоддиро интизор нашавед. Марди хунаш гурӯҳи 2 ҳамсафари хуби ҳаётӣ аст. Аксари ин мардон хаёлпараст мешаванд. Дертар издивоҷ намоянд ҳам хушбахт мешаванд. Дар бистар фаъол нестанд, вале занро қаноатманд карда метавонанд. Марди хунаш гурӯҳи 2 яктопараст мешавад.

Хуни гурӯҳи 3

   Мардоне, ки гурӯҳи хунашон сеюм аст, аз муошират бо зан кам ҳаловат мебаранд. Ин тоифаи мардон барои дилхушӣ ҳамсуҳбати хуб ёфтанро авлотар дониста ба мубошират он қадар аҳамият намедиҳанд. Аз набудани ҳаёти шахсӣ фоҷиа намесозанд. Дӯстони зиёд доранд ва дар корҳояшон фаъоланд. Гурӯҳи хуни аксари миллионерҳо сеюм аст. Мардони гурӯҳи хунашон сеюм шавҳарони хубанд, занро мисли дастпӯшак иваз намекунанд.

Гурӯҳи 4

Мардҳои гурӯҳи хунашон чорум беҷуръатанд ва фоҷиаро бо душворӣ таҳаммул менамоянд. Қобилияти мафтункунӣ доранд, вале ҳамин ки ошиқ шуданд, дасту по мехӯранд. Ишқи ҳақиқӣ ин тоифаи мардонро ором месозад.

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Нозанин 2023-07-28, 19:54
Салом гурухи хуни Ман ва шавхари ояндаам як баромад мо метавонем издивоч Карла ё не
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Нозанин 2023-07-28, 19:54
Салом гурухи хуни Ман ва шавхари ояндаам як баромад мо метавонем издивоч Карла ё не
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД