Оила барои ҳар як инсон, хоса бари мардуми мусалмн ва тоҷик муқаддас аст, вале солҳои охир пшхӯрии хонавдаҳо дар кишварамон торафт авҷ гирифта истодааст. Ҷудошавии оилаҳ махсусан дар ВилоятиХатлон зиёд ба назар мерасад. Аз ҷумла ноҳияи Фархор дар байни 25 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Хатлон дар бекор кардани ақди никоҳ ҷои аввалро мегирад. Дар ҷои дуюм ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷои сеюм шаҳри Кӯлоб, ҷои чорум Кӯшониён ва ҷои панҷум ноҳияи Панҷ қарор гирифтааст.
Тавре шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, давоми 11 моҳи соли равон дар Хатлон 2 ҳазору 950 оила ақди никоҳи худро бекор карда, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 793 ҳолат бештар аст.
Байёнзода Нигина, мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархор, хабар додааст, ки дар ноҳия дар ин давра 204 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин нисбат ба 11 моҳи соли 2020-ум 117 ҳолат зиёдаст. Сабаби асосии пошхирии оилаҳо ба қавли ин масъули мақомоти маҳаллӣ гирифтани шаҳрвандии Русия будааст.
“Аз 204 оилае, ки ақди никоҳи худро бекор карданд, 78 нафарашон барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба ин кор даст задаанд, аммо онҳо дар асл бо ҳам зиндагӣ доранд. 47 оила ба хотири бефарзандӣ ва 68 хонаводаи дигар бекоршавии ақди никоҳашонро ба муноқишаи оилавӣ нисбат доданад.
Тибқи иттилои манбаъ бо ҷудошавии 204 оила дар ноҳиия Фархор, 280 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум шуданд, ки аз он 272 кӯдак дар тарбияи модаронанд.