Formula novemver 2024
МАРДИКОРОН АЗ СЮРПРИЗИ МАНСУР НЕГМАТОВ "ШОК" ШУДАНД
31.08.2020
ОИЛА
4226

 

Мансур Нигматов, роҳбари маркази продюсерии “Tojikon Holiday” ва шавҳари овозхони шинохта Шабнами Собирӣ тасмим гирифтааст, ки ин навбат ба мардҳои мардикор кӯмаки яквақтаина расонад.

Дар наворе, ки дар интернет паҳн шудааст, дида мешавад, Нигматов сараввал бо 50 нафар мардикор аз мардикорбозори маҳаллаи 82 ва 50 нафари дигар аз мардикорбозори назди собиқ бозори “Шоҳмансур” суҳбат ороста, аз нархи якрӯза ва шарту шароити кори онҳо пурсон мешавад ва баъдан 100 нафар мардикорро барои кор ба “Кохи Наврӯз” даъват мекунад.

Субҳи рӯзи дигар 100 нафар мардикор ҷамъ шуда меоянд ва Нигматов ба онҳо на кор, балки дар Чойхонаи “Кохи Наврӯз” оши палов ва дар лифофа маблағ дар ҳаҷми 100 сомонӣ барои 100 нафар пешниҳод мекунад. “Ман ба шумо кор гуфтам, вале дар асл кор нест. Ҳозир пули кори шуморо ман медиҳам ва хӯрокро хӯрда ба хонаатон, ба назди зану фарзандонатон меравед ва имрӯз истироҳат мекунед”,-мегӯяд продюсери ҷавон ба мардикорон.

Агар дар умум ҳисоб кунем, Нигматов барои хурду хӯрок 1800 сомонӣ ва ҳамчун кӯмакпӯлӣ 10 ҳазор сомонӣ маблағ сарф кардааст. Корбарони шабакаи YouTube ба Нигматов пешниҳод кардаанд, ки дафъаи дигар ба занҳои мардикор чунин “сюрприз” кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД