goodwell
Мардеро барои паҳн кардани наворҳои шаҳватбарангез дар интернет дастгир карданд
21.09.2026
Оила
71

Мардеро барои паҳн кардани наворҳои шаҳватбарангез дар интернет дастгир карданд
Дар вилояти Хатлон алайҳи як марди 54 сола барои паҳн намудани наворҳои шаҳватангез парвнадаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Тибқи иттилоъи Вазорати корҳои дохилӣ гумонбар Акбарҷон Сангинов, сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон буда, аз соли 2023 то кунун тавассути “VK” ва “WhatsApp” ба дигар истифодабарандагони интернет маводи шаҳватбарангез (порнографӣ) ирсол мекардааст.
Мақомот телефони ин мардро “ҳамчун далели шайъӣ” гирифта, алайҳи номбурда бар асоси қисми 3-и моддаи 241-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти маводи шаҳватбарангез парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ин банди қонун аз 6 то 10 соли зиндонро пешбинӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД