Ғолибияти Хуршед Иброҳимзода дар
Озмуни байналмилалии “Мақом”
Дар озмуни байналмилалии “Мақом” шашмақомсарои тоҷик Хуршед Иброҳимзода сазовори ҷойи аввал гаштааст. Дар ин бора Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Хуршед Иброҳимзода дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов аст. Ин ҷавонмарди ҳунарманд дар Озмуни байналмилалии «Мақом» аз рӯйи номинатсияи «Иҷроиши якка» сазовори ҷойи аввал гашта, бо диплом ва ҷоизаи калони пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари ИМА сарфароз гаштааст.
Озмуни байналмилалии «Мақом» аз 26 то 30-июн дар Узбекистон баргузор гашта, Хуршед Иброҳимзода дар ин озмун дар муддати 30 дақиқа аз рӯйи номинатсияи «Иҷроиши якка» панҷ таронаи шашмақомро иҷро намуд ва сазовори ҷойи аввал гашт.
Худи Хуршед Иброҳимзода дар робита бо ин озмун гуфтааст:
«Ман ғолибиятро интизор набудам. Вақте маро сазовори ҷойи якум эълон намуданд, ҳаяҷон маро фаро гирифт. Ифтихор менамоям, ки дар ин ҷашнвораи бузург санъату фарҳанги Тоҷикистонро муаррифӣ намудам».
Хуршед Иброҳимзода дар озмуни байналмилалии “Мақом” силсилаи сурудҳои «Савти ушшоқ», «Фурӯғи савти ушшоқ», «Ушшоқи Содирхон», «Соқиномаи савти ушшоқ», «Тавқинчаи савти ушшоқ»-ро иҷро намуда, ҳакамони озмун ба ҳунару маҳорати мақомсарои тоҷик баҳои баланд доданд.
Ф. Сатторӣ