arzon replenishment
"МАНИЖА ИСБОТ МЕКУНАД, КИ ТОҶИКОН РАВШАНУ ДЖАМШУТ НЕCТАНД"
20.05.2021
ОИЛА
1537

Албатта дар бораи ҳунарнамоии Манижаи Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия дар озмуни маъруфи Евровижн шунидаед ва ё суруданашро ҳам дидед. Имрӯз дар бораи ӯ суҳбат мекунем, ки ҳоло номаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар бозору автобусу, таксиву ҷойи кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия сари забонҳост.

Манижаи Сангин рӯзи 18-уми май бо ҳунарнамоиаш дар шаҳри Роттертами Ҳолланд тавонист, Русияро ба марҳилаи ниҳоии озмуни мазкур расонад, ки онро дар саросари ҷаҳон садҳо миллион нафар тамошо мекунанд.
Россиянка Манижа выступает во время первого полуфинала 65-го конкурса Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бахусус дар Фейсбук ҳама ба Манижа аҳсану офарин хондаанд, вале баҳс сари даъвои як корбаре бархостааст, ки гуфтааст, ки Манижаро ҳеч вақт тарафдорӣ намекунад, чун ӯ на Тоҷикистон, балки кишвари дигареро дар саҳнаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Ҳоло мебинем, ки мардуми дигар ба ин гуфта чӣ посух додаанд.

Аз шарҳи корбаре оғоз мекунем, ки худро дар Фейсбук Вануш Зайналпур муаррифӣ кардааст: “Эй бародар номаъқулро бо сангу кулӯх кардаӣ? Ин нишонаи беандешагии шумост. Роналдо ва Месси дар Италия ва Испания бозӣ мекунанд, вале ифтихори кишварҳояшон ҳастанд. Зайниддин Зидан дар тими Фаронса буд, вале ифтихори Алҷазоиру мусулмонони олам аст. Манижабону ифтихори на танхо тоҷик, балки тамоми 200 миллион иронинажоди ҷаҳон хоҳад буд.”

 

Айни шарҳ дар Фейсбук бисёр зиёд аст ва корбарони дигар гуфтаанд, онҳое, ки ба Манижа санги маломат мезананд, тангназар ҳастанд ва барои худнамоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи дигарон ҳарчӣ ки аз даҳонашон омад менависанд.

 

Шарҳи корбареро аз Фейсбук мехонем, ки худро Ҳикматулло Рашидов муаррифӣ кардааст: “Баъзе одамон дар ҳаёташон ба ягон комёбӣ нарасидаанд, вале забонашон дароз дигаронро санги маломат мезананд. Як тоҷикдухтар бо истеъдоди худ дар дунё маъруф гардад, магар ба шумо шумо зарар мерасонад. Манижа лоиқи дастгирӣ аст ва кулли мардум новобаста аз забон, миллат ӯро дастгирӣ мекунад, зеро мусиқӣ сарҳад ва забон надорад.”

 

Ба ин баҳсҳо Парвиз Пӯлодӣ овозхони тоҷик ҳамроҳ шуда ва гуфтааст, коре, ки Манижаи Сангин дар Русия кард, як навъ қаҳрамонист. Ба қавли Парвиз Пӯлодӣ, Манижа тавонист, чеҳраи тоҷиконро, ки қаблан бо номи Равшану Джамшуд масхара мешуданд, тағйир диҳад.

Шарҳи Парвиз Пӯлодӣ чунин аст: “Охир чӣ фарқ дорад, ки ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад? Асос, ӯ тоҷик буданашро инкор намекунад! Дар фазои миллатгароӣ ҳамчун овозхони муваффақ муаррифӣ шуданаш, худ ҷасорат аст!!! Манижа исбот мекунад, ки тоҷиконро мисли "Равшану Джамшут" не, балки ҳамчун мардуми ҳунарпеша, соҳибистеъдод ва дорои фазилатҳои неки инсонӣ бишносанд!”

Бисёре дигар аз корбарон ва бахусус духтарон аз иродаи Манижаи Сангин ситоиш кардаанд, ки баъди пирӯзиаш дар озмуни дохилии Русия зери танқиди сахт, аз ҷумла танқиди сиёстмадорони рус қарор гирифт, ки мегуфтанд, ӯ бо таронаи Зани рус, занони кишварро беобрӯ мекунад. Ингуна танқид ҳам зиёд буд, ки чӣ гуна фарзанди як муҳоҷири тоҷик метавонад, Русияро дар озмуни маъруфе ба мисли Евровижн намояндагӣ кунад. Бадахшон Зардакова як корбари Фейсбук гуфтааст, ки Манижаи Сангин намунаи ирода ва азми қавӣ доштани тамоми занони тоҷик аст.

Шарҳи уро мехонем: “Мақоле ҳаст "тоҷики сарсахт". Ҳамон тоҷики сарсахт Манижа аст. Миллатгароёни рус он қадар санге ба сари ӯ заданд, ки одами андак беирода мешуд, атояшонро ба лиқояшон мебахшид. Вале ӯ мубориз аст. Тоҷики асил буданро аз Манижа омӯзед. Дар ҳар пораи либосаш як нишони тоҷикӣ дорад. Ман ба ин духтар қоилам. Аз чизе ҳарос надорад, мубориз аст.”

Гуруҳи дигари корбарон ҳам ба ин нукта таъкид кардаанд, ки дар Русия гуруҳҳое аз ҷавонони тоҷик ҳастанд, ки бо тағйири симои зоҳирӣ, худро қафқозӣ муаррифӣ мекунанд ва аз тоҷик номидани худ шарм медоранд, ки ин кор мояи ҳиҷолату шармсорист. Ба гуфтаи ин корбарон, Манижа баръакси ин гуруҳ ҳеч гоҳ аслу зодгоҳашро пинҳон надоштааст. Бо ин мазмун шарҳи Парвиз Саидов, як корбари Фейсбукро мехонем, ки бо муроҷиат ба мухолифони Манижа чунин навиштааст:

“Ҷасорате, ки ин духтар дорад, ту надорӣ!!! Дар баробари тамоми фишорҳои руҳиву равонӣ истодагарӣ карда, бо тоҷик номидани хеш бо ифтихор садо баланд мекунад, ки қаҳрамонист!!! Бигзор аз Русия намояндагӣ кунад, лекин аз аслу аҷдодаш даст накашида, худро тоҷикистонӣ мешуморад!!! Инро миллатдӯст меноманд!!! Баъзеҳо шуурашон то ҳадди хурофот ва саллаву риш аст!!!”

 

БОЗНАШР АЗ "ОЗОДӢ"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД