Arzon march 2024
Мактаб дар соли нави таҳсил фаъолият менамояд
502

1 сентябри соли равон дар ноҳияи Дарвоз бинои нави Мактаби президентӣ дарҳои худро ба рӯи хонандадагон боз менамояд, хабар медиҳад ҳукумати ноҳияи мазкур.

Барои хонандагони болаёқат ва пешсафи муассисаҳои таълимии ноҳияи Дарвоз баҳри боз ҳам такмил додани дониш, рушди истеъдоду маҳорат боз як имконияти хуб фароҳам оварда шуд. Ин гурӯҳи хонандагон аз имрӯз метавонанд, ки ҳуҷҷатҳои худро ба Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ маркази ноҳияи Дарвоз, ки моҳи сентябри соли равон ба истифода дода мешавад, супурда, таҳсили худро дар як бинои муосир ва муҷҷаҳаз бо тамоми асбобу анҷом ва технологияи навтарини таълимӣ идома диҳанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Фозил Бурҳонзода гуфтааст, дар ҳамин мавзеъ қаблан муассисаи таълимии рақами якуми ноҳия ҷойгир буд, ки дар аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта бунёд ёфта, бо мурури замон бар асари барфу боронгариҳо комилан хароб гашт буд.

Бинои муосири таълимӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳалӣ сохта шуда, дар самти бештар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Бинои Мактаби президентӣ дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна, 28 синфхона, кабинетҳои фаннӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, иборат аст ва барои 840 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи лоиҳа бинои мазкур дорои хобгоҳ барои 240 кат, ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷои нишаст, толори ва майдончаи варзишӣ мебошад. Тарҳи бино мутобиқ ба меъёрҳои шарқию аврупоӣ ва ҳамнаво бо манзараҳои атроф сохта шуда, ба воситаҳои деворҳои калони шишагин кўдакону наврасон манзараҳои зебо ва афзунсози диёрашонро мушоҳида намуда, худро аз табиат як лаҳза ҷудо эҳсос намекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД