sebiston july new
Макони замонавии фароғати кӯдакон
2227

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истироҳату солимии ҷавонону наврасон тамоми имконияту шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст. Маркази фароғатии кӯдакон – “Cosmoland дар маркази хушбоду ҳавои пойтахти кишвар, мавзеи хушманзар ҷой гирифтааст.

_DSC1204 копия

Ин макони фароғату истироҳати кӯдакону наврасон дар пайи ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат бунёд гардида, дар Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон – 1 июн ба фаъолият оғоз кард.

Баъди ифтитоҳи ин макони навбунёду замонавӣ кӯдакон акнун метавонанд дар ин маркази фароғатӣ вақтхушӣ кунанд, зеро “Cosmoland” дорои имкониятҳои зиёд барои фароғат аст.

Он дорои майдончаи кӯдакона, минтақаи бозиҳои ҷолибу шавқовар, лабиринти кӯдакона, минтақаи бозиҳои виртуалӣ, майдони тири кӯдакона, қаҳвахона бо таомҳои лазиз барои кӯдакону наврасон буда, аниматорони беҳтарин барои вақтхушии онҳо пайи хизматанд.

_DSC1216 копия

Инчунин, идҳои кӯдакона, зодрӯз ва дигар саннаҳои муҳими ҳаёти фарзандон дар маркази мазкур фаромӯшнашаванда мегузаранд, зеро бинои ин макон барои баргузории унин чорабиниҳо ҳам аз нигоҳи ороиш ва ҳам имконият дорои тамоми шароит аст.

Хонандагони азиз, акнун шумо метавонед ҳамарӯза барои таъмини дилхушии кӯдаконатон онҳоро ба “Cosmoland” баред, зеро ин ҷо ҳамаи шароити фароғати фарзанди шумо муҳайёст.

_DSC1202 копия

_DSC1169 копияasdasd

_DSC1057 копия

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев 25, ошёнаи 2 (бинои нави рӯ ба рӯи Театри давлатии ҷавонон ва мағозаи “Ёвар”). Телефон барои тамос: 979-25-25-25.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД