Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар ҳисобти худ эълон кардааст, ки бештари кишварҳо тавонистанд, шумораи одамоенро аз ки бемории сил дар давраи пандемаия ранҷ мекашиданд, ташис ва табобат намоянд, ки он соли 2022 ро дар бар мегирад.
Тибқи ҳисоботи СҶТ оид ба бемории сил тамоми шахсони масъул ва донорҳо тавонистанд 7,5 миллион нафар гирифтори бемории силро дар ҷаҳон ташхис ва табобат кунанд, ки ин шумора то соли 2019, яъне пеш аз ковид ба 7,1 миллион мерасид.
Тавре Люсика Дитиу, Директори иҷроияи шарикии Stop TB дар суханронии худ қайд кардааст:«Ба ҳар касе, ки барои ноил шудан ба ин дастовард заҳмат кашидааст, эҳтиром мегузорем. Мо нишон медиҳем, ки ин корро кардан мумкин аст . Мо метавонем ба бемории сил хотима диҳем”, - афзуд ӯ.
Тавре дар баёния омадааст, дар маҷмӯъ дар кишварҳои Ҳиндустон, Индонезия, Филиппин ва Покистон 75 фисад дар соли 2022 гирифторон бемории сил ташхис ва ба табобат фаро гирифта шуданд.
Барои анҷом додани ташхис ва табобати беморон , онҳоро аз марг наҷот додан, ҳал намудани мушкилиҳои иҷтимоӣ маблағ нақши калидӣ дорад, зеро бо ин сабаб дар соли 2022 камтар аз 50 фоизи гирифторони бемории сил ба ташхиси фаврии молекулярӣ дастрасӣ доштанд ва аз 5 нафари бемор 2 нафари онҳо дастрасӣ ба доруи тобоварро доштанду халос.
“Мо ба маблағгузорӣ ниёз дорем, зеро мо қабул карда наметавонем, ки дар соли 2022 танҳо 3,8 миллион нафар муолиҷаи пешгирикунандаи бемории сил мегиранд. Мо ба маблағгузорӣ эҳтиёҷ дорем, зеро мо дар лӯлаи таҳқиқот озмоишҳо ва расмиёти бешумори нави ташхиси бемории сил, 28 доруи нав барои табобати сил ва 16 номзади ваксина дар озмоишҳои клиникӣ дорем ва мо мехоҳем, ки онҳо барои истифода дастрас шаванд.
Мо нишон додем, ки мо метавонем дар тамос бо хадамот ташхис, табобат, пешгирӣ ва нигоҳубин - ҳар як шахси мубталои бемории сили ба дору ҳассос ё ба дору тобовар, калонсолон ё кӯдакон наздиктар шуда метавонем., омадааст дар баёния.