Sebiston new 2024 october
КӮЗАПУШТРО ГӮР РОСТ МЕКУНАД(ҚИСМИ 5)
4556

 Ҳамсояҳоям кӯшиш мекарданд, ки рӯяшон ба рӯйи ман назанад, баъзе ҷавонзанҳо аз тарси он ки мабодо шавҳаронашонро ба доми худ наафтонам, хонаашонро фурӯхта ба ҷойи дигар кӯчиданд...

Касофатзада
Беҳуда куҳансолон “касофатӣ одамро мезанад” намегуфтаанд, бо касофати зинокорӣ тамоми дороии шавҳарамро ба боди фано додам, қисмеро ошиқони фиребгару номардам бо ҳар роҳ аз дастам кашида гирифтанд, қисми дигарашро дузд бурд. Билохира қарздор шуда хонаро низ фурӯхта ба қарздорон додам. Пуле надоштам, ки ақаллан хонаеро иҷора гирифта зиндагӣ кунам, бо сад азоб дар як обшежит як ҳуҷраи фарсуда гирифтам. Он хонаро хона гуфта намешуд, зеро на дари обод дошту на девори дуруст, ҳама ҷо рехтаву канда, вале ман ба ҳаминаш ҳам шукр мегуфтам, ки ҷойи шабамро саҳар кардан дорам. Дар ҳамон обшежит ҳам фоҳишагиамро давом дода, нони ҳаром мехӯрдам, то он рӯзе, ки тақдир маро бо Асад рӯ ба рӯ кард.

Марди биҳиштӣ
Асад ҳам ҳамчун “клиент” ба хонаи фарсудаю бадбӯйи ман омада буд, вале ҳарчанд кӯшиш кардам, ӯро бо ҳеҷ роҳ ба дом кашида натавонистам. Вай дар наздам шарт гузошта гуфт:
-Ман туро бо никоҳи мусалмонӣ ба занӣ мегирам, вале ба шарте, ки бо номи Худо қасам хӯрӣ, ки дигар фоҳишагӣ намекунӣ!

Намедонам аз чӣ сабаб шарташро қабул кардам. Асад маро ба хонааш овард. Вай аз зани раҳматиаш 7 фарзанд доштааст-3 духтару 4 писар. Талаб намуд, ки фарзандонашро ҳамчун фарзанди худам қабул кунам ва аз пайи нигоҳубини онҳо шавам. Ҳар рӯз шавҳарам ба ман чанд сураи намозро навишта медод ва талаб мекард, ки то бегоҳ аз кор баргаштанаш сураҳоро азёд кунам. Танҳо пас аз он ки тамоми сураҳоро азёд карда, намозхон шудам, вай муллоро оварда маро ба никоҳи худ даровард ва ба бистараш роҳ дод. Мо то он вақт дар хонаҳои алоҳида мехобидем ва Асад намегузошт, ки ҳатто дастамро ба баданаш расонам. Ҳамин марди биҳиштӣ маро аз роҳи ҳароми фоҳишагӣ баргардонда ба қатори одамон даровард.

Фоҳиша ҳам зани хуб мешавад, агар...
Чандин сол зери як бом аҳлона зистем. Аз Асад се фарзанд ба дунё овардам, писару духтарони аз зани пештарааш бударо низ бо обрӯ ба шавҳар додем. Шавҳарам се сол пеш аз дунё гузашт. Як ҳафта баъди маргаш раҳматӣ ба хонаи домуллои маҳаллаамон даромада гуфтааст, ки Худованд маро барои аз роҳи бад баргардонидани фоҳиша биҳиштӣ кард. Пештар касе аз ҳамсояҳо дар бораи ҳаёти ман чизеро намедонист, бинобар ин, домулло аз хоби дидааш ба ҳайрат афтида ба хона омад. Вақте ки саргузаштамро ба ӯ нақл кардам, мӯйсафед гиребони тавба дошт, бовараш намеомад, ки ман барин зани парҳезкор замоне фоҳишаи кӯчагӣ будааст. Домулло гиребони тавба дошта ин қиссаро ба мардум нақл кардааст, аз ҳамон вақт инҷониб биҳиштӣ шудани шавҳарам даҳон ба даҳон мегардад,-отун ашки чашмонашро пок намуда, нақлашро ба охир расонд.

Вазнин аз љоям бархоста сӯйи дарвоза равон шудам. Қиссаи зиндагии ин занро навишта захмҳои куҳнаи дилашро дубора хуншор карданӣ набудам, вале худи отун дар дами дарвоза аз дастам дошта гуфт:

-Албатта саргузашти маро навис духтарам! Навис, ки фоҳиша ҳам метавонад тавба карда ба роҳи рост баргардад ва зани хубу покдоману порсо шавад, агар марди худотарсу худоҷӯе ба мисли Асад пайдо шуда ӯро ба қатори одамон дарорад!

Хуб гуфта, аз дарвозаи хонаи отун берун шудам. Дар берун маро модарам интизор буду норозиёна абрӯ чин карда гуфт:

-Ҳа, ба мақсадат расидӣ? Ин занаки бечораро силу зардоб карда чиҳо пурсидӣ? Аз дасти ту на ҳофиз рӯз дорад, на отуну на мулло, биниатро ба зиндагии ҳама мехалонӣ! Безор шудам аз касби интихобкардаат! Мемурдӣ, ки духтур ё муаллима шавӣ! Эй Худое, кай ту шавҳар мекарда бошӣ, ки ҷони ман халос шавад...

-Мекунам очаҷон, албатта шавҳар мекунам, лекин ҷонатон халос намешавад. Ман то намурам, қаламу коғаз аз ман халосӣ надорад, то мурданам менависам,-Гапро ба шӯхӣ бурдам, то оташи ғазаби модарам пасттар шавад.

-Ба фикрам дар ҳамон дунё ҳам мурдаҳо аз дасти ту барин журналисти шилқин рӯз надоранд,- Паст наомад модарам, вале ҳисси кунҷковӣ ӯро ором нагузошта пурсуҷӯ кард:

-Хайр, канӣ нақл кун, ин отунча ба ту чиҳо гуфт? Вай дар ҳақиқат фоҳиша будааст? Натарсида саргузашташро менависӣ?

-Маро ҷанг мекунеду худатон аз журналист бадтар, дар як дам сад савол медиҳед очаҷон! Камтарак сабр кунед, ҳамаашро менависам. Шумораи нави “Оила”-ро гирифта хонед, кӣ будани отунча ва чӣ тавр ба роҳи рост баргаштанашро мефаҳмед,-гуфта модарамро ба оғӯш кашидам ва эҳсос намудам, ки бори вазнине аз китфам афтид.

Ҳарду шоду мамнун ба хона равон шудем, он ҷо маро компютерам интизор буд, то қиссаи отунро нависам.

 Бо хоҳиши отун мо номи қаҳрамонҳо ва мавзею касби шавҳари ӯро иваз намудем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД