Шумораи занҳое, ки Кюба Гудинги хурдӣ, ҳунарманди 52-солаи амрикоиро дар таҷовуз ба номуси худ айбдор мекунанд, ба 22 нафар расидааст. Дар ин бора шабакаи “CNN” бо такя ба ҳуҷҷатҳои судӣ хабар додааст.
Қаблан ҳунарманд бегуноҳии худро эълон карда, ҳама гуноҳро бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва озори ҷинсии се зан, ки солҳои 2018 ва 2019 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико рух дода будааст, рад карда буд. Пештар додситонҳо гуфта буданд, ки ҳамагӣ 15 зан аз рӯйи ҷаноби Гудинги хурдӣ шикоят бурдаанд. Ҳоло шабакаи “CNN” теъдоди ин занҳоро ба 22 нафар, яъне 7 нафар зиёдтар баробар кардааст.
Аввалин ҳодисаи таҷовуз ба номус аз ҷониби ҳунарманд ба соли 2003 рост меояд. Ҳоло нисбати айбдоршаванда ягон айбномаи расмӣ эълон нашудааст ва додситонҳо аз занҳои ҷабрдида дархост кардаанд, ки дар мурофиаи баъдӣ ба ҳайси шоҳидони нав иштирок намоянд. Қарор аст, санаи 22-юми январи соли 2021 ҳунарманд барои бозпурсӣ даъват карда шавад.
Марк Ҷей Ҳеллер, адвокати ҳунарманд ин ҳама айбҳоро нисбат ба зерҳимояаш рад кардааст. Кюба Гудинги хурдӣ барандаи ҷоизаи “Оскар” (1996) буда, дар “Хиёбони шӯҳрати Ҳолливуд” (2002) соҳиби ситора мебошад.