Arzon march 2024
КОРОНАВИРУС: ШАВҲАРАМ НАМОНД, КИ БА ХАБАРГИРИИ ДУХТАРИ БЕМОРАМ РАВАМ
10.06.2020
Р. Азимӣ
5221

Ман модарам, модари муштипаре, ки аз зинда мондани фарзандам имрӯз болу пар баровардаам.

Адиба яккадухтари хонадони мо бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ нозу эркагӣ намекард. Бо баҳои аъло мехонд, ҳусну одобаш ҳам баҳои чанд духтар буд, аз ин рӯ, хостгорон дари хонаамонро охурча мекарданд. Худи ҳамин сол духтарам омӯзишгоҳи тиббиро хатм кард ва бо розии падараш ӯро ба шавҳар додем. Зиндагии ширини духтарам самар доду дар моҳи дуюми арӯсӣ ҳомиладор шуд, вале баногаҳ ба бемории коронавирус гирифтор гашт. На танҳо духтари ман, балки шавҳар ва хушдоману хоҳарарӯсонаш низ ба ин вабо мубтало гаштанд. Шавҳараш илтиҷо мекард, ки ҳама корро мекунам, духтаратонро сиҳат мекунам, вале ба худ зарар расонида, хонаамон наоед. Домодам моро дилпур мекард, ки беморӣ зудгузар асту ҳамааш хуб мешавад. Кадом модар ором нишаста метавонад. Дарун ба дарун худро мехӯрдам ва зуд-зуд ба домодам занг зада, аҳволи Адибаамро мепурсидам. Домод қоил шуд, ки ҳамсарашро дар беморхона бо аҳли оилааш бистарӣ кардаасту Худо хоҳад, баъди табобати духтурон ба пой мехезанд ва ҳатто ин вабо ба саломатии фарзандаш безарар будааст. Вале, дар беморхона низ таби духтарам паст намешуд. Инони гиряро сар дода, аз падараш хоҳиш кардам, ки бигзор ба ин вабо гирифтор шавам, бигзор ҷонам дар хатар бошад, вале духтарамро хабаргирӣ рафтан мехоҳам. Шавҳарам барои ором гирифтани дилам худаш ба беморхона рафт.

Дар саҳни ҳавлии дармонгоҳ домодам падарарӯсашро дида, хоҳиш кардааст, ки зудтар ба хона баргардад. Домодамон саломатии Адиба ва падару модарашро хуб арзёбӣ намудааст. Шавҳарам бо дили пур ба хона омада, буду шуди гапро гуфт. Каме дилам ором гирифт, вале як рӯз аз байн нагузашта, хабар расид, ки домодамро низ ин вабо аз пой афтонидаасту ӯ ҳам дар беморхона бистарӣ шудааст. Аз шунидани ин хабар осмон ба сарам чаппа шуд. Охир, домоди ман ягона писари хонадонашон аст ва ягона ноновару пушту паноҳи аҳли оилааш ба ҳисоб меравад. Фишорам баланд шуда, чӣ гуна аз ҳуш рафтанамро худам медонаму Худо.

Агар шавҳарам дар ин рӯзҳо дар барам намебуд, аниқ бо ман ҳодисаи нохуше рух медод. Шавҳарам зуд-зуд ба хонаи қудо занг зада, аз аҳволи хонаводаашон пурсон мешуд. Рӯзе, ки хабари марги Мунира Ҳакимова, ровии беҳамтои кишвар паҳн шуд, духтарам аз бистари беморӣ бархоста, аз шифо ёфтанаш хабар дод. Баъди 15 рӯзи табобат духтарам ва хусуру хушдоманаш ба хонаашон баргаштанд ва то ҳол табобатро зери назорати духтурони оилавӣ идома дода истодаанд. Ҳар лаҳза хумори дидори фарзанд диламро ба ларза меорад, мехоҳам ба назди духтарам рафта, аз ҳолаш бохабар гардам, вале хешу табор ва шавҳарам мегӯянд, ки ба худат ҷабр накун, ҳамин, ки пурра шифо ёфтанд, бо шириниву кулчаву қанд рафта, аз ҳоли эшон аёдат мекунем. Шукри Худо, бо духтарам телефонӣ ҳамсуҳбат мешавам ва парвардигорро ҳазорон бор шукр мегӯям, ки ҷони духтарам ва хонаводаи шавҳараш аз ин вабо дар амон монд.

Сангиной, аз маҳаллаи 112

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД