Formula novemver 2024
Комилҷон Зарипов: Зодрӯзамро бо мардум ҷашн мегирам
663

Имрӯз сарояндаи ҷавон, вале маҳбуб, Комилҷон Зарипов боз як баҳори умри худро пешвоз гирифт.

Ин овозхони муваффақ қадам ба Ҳунарманд 10 августи соли 1992 дар оилаи овозхони номдор Қобилҷон Зарипов ба дунё омада, бо пайроҳаи падар қадам гузоштаст.

Имрӯз сомонаи “Oila”ба ифтихори мавлуда ҳунарманд бо ӯ тамос гирифта, номаи шодашро расонид. Комилҷон гуфт, аввалин шуда, шаб баъди бозгашт аз туй падару модар ва ҳамсараш бо торти зодрӯзӣ ӯро пешвоз гирифта, табрик кардаанд.

“Пагоҳ зодрӯзро дар маҳфили бахт дар ноҳияи Шаҳритус бо тӯйдорон ҷашн мегирам. Ин ҳама самимияту эҳтироми онҳо аст, ки ман зодрӯзамро бо онҳо ва дар хизмати онҳо ҷашн мегирам”, - гуфт овозхон.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

КОМИЛҶОН САРОЯНДА АСТ Ё ҲУНАРМАНД?

Комилҷон Зарипов хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст. Ӯ бори аввал 1-уми январи соли 2000-ум бо таронаи “Наврӯзи Фалғар”, ки дует ҳамроҳи падараш буд, рӯйи саҳнаи бузург баромад. Ӯ ба ҷуз сарояндагӣ, муддати 12 сол мешавад, ки дар ширкати “Вавилон-Мобайл” фаъолият дорад.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомона ба ин ҳунарманди боистеъдод саломатӣ ва камоли умрро таманно дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД