arzon replenishment
ХУДОЗАДА БОШУ АРВОҲЗАДА НЕ ШАКЛИ ПУРРААШ)
02.08.2021
ДИЛОШӮБ
4090

Мусибат

Анзурат аз деҳаи дури кӯҳистон ба пойтахт, барои таъзия баён намудан ба хонаи амакаш омад.

Амакашро, ки шахси хеле сарватманд буд, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ куштанд, ҳамагӣ чилу панҷ сол дошт. Чор фарзандаш бо ҳамсараш дар пойтахт зиндагӣ мекарданд, онҳо вақти марги падарашон хурд бошанд ҳам, баъди ба воя расидан зуд худашонро гирифта, ду писараш, дар як муддати кӯтоҳ мисли падарашон сарватманд шуданд. Ду духтараш низ ба тиҷорат сару кор доштанду зиндагии шоистае насибашон гашта. Аммо духтари хурдияш Сафина, ки бисту шаш сол дошт, ба дарди бедавои саратони ҷигар гирифтор гашта, оламро падруд гуфт. Дили Анзурати хешдӯстдор хун гашт аз шунидани ин хабар, ҳарчанд фарзандони амакаш он қадар хешони деҳотияшонро дӯст надоранд ҳам, кулчаю ҳалво пӯхта, барои таъзия ба шаҳри калон омад.

Чун таксӣ ӯро назди дарвозаи нақшини амакаш фаровард, ӯ вориди ҳавлӣ шуду худашро қапида натавониста, овоз баровард. Ба ёди амаки меҳрубонаш, ба ёди гулдухтари ѓурамарги ӯ ва аз хона ба пешвозаш пайвандон баромаданду рӯйи ҳавлии бошукӯҳ мотами талхе барпо гашт. Янгааш Анзуратро ба оѓӯш кашида, нолаҳои зор мекард, баъди холӣ шудани дилҳояшон онҳо ба хона гузаштанд. Дар хона зани амаки дигараш ҳам менишаст, ки аз пой монда буду ба зӯр роҳ мегашт. Анзурат ба ҳоли зори ду янгааш нигариста, воқеае пеши назараш зинда шуду гиребон гирифта, зери лаб пичирос зад:

-Ман садқаи бузургият шавам, Худоҷон…

    Эркаи модаркалон

Бобову модаркалони Анзурат панҷ писару як духтар доштанд, аммаи меҳрубонаш як кӯча аз онҳо боло зиндагӣ мекард. Падару модари ӯ дар кӯчаи дигар, чор амаки дигараш вазифаҳои баланд доштанду дар шаҳру навоҳии гуногун кору зиндагӣ мекарданд. Падари Анзурат мудири фермаи чорводорӣ буд ва модараш аз хешони бобояш ба шумор мерафт.

Амакҳояш аз ҷойҳои дигар зан гирифта буданду ин келинҳо як рӯз ҳам хизмати хусуру хушдоманашонро накарда буданд. Пиру кампир танҳо зиндагӣ мекарданд, дар ҳавлии бошукӯҳи зебои чорбоѓдор. Анзурат аз синни панҷсолагӣ бо бибию бобояш мезист, бобояш ба замину боѓу гову мол нигоҳ мекарду бибии олуфтааш бошад, мисли келинчак ҳама корро мекард. Анзурат эркаю азиз ва дастёри бибии меҳрубонаш буд, аммаашу модараш низ ҳамеша ба онҳо дар корҳои вазнинтар ёрӣ мерасониданд. Амакҳояш ҳар моҳ барои онҳо мавди хӯрокворию либосу ҳама чиз меоварданд, боз ба дасти бобояш маблаѓи алоҳида медоданд ва онҳо зиндагии шоҳона доштанд. Амаку янгаҳояш сари чанд вақт меҳмонӣ меомаданду хонаашон ба тӯйхона табдил меёфт, янгаҳояш мепухтанду мехӯрданду мегуфтанду механдиданду мерафтанд ва хонаашон дар як дам холӣ мешуд.

   Ҷудоӣ аз бобо

Анзурат дар синфи даҳум мехонд, акнун бибиву бобояш ҳам пир шуда буданду баъзе корҳоро карда наметавонистанд. Акаву додарони Анзурат ёрдамчии онҳо буданд, корҳои занонаи хонаро бошад, пурра Анзурат ба дӯши худ гирифта буд. Бибияш ӯро раҳнамоӣ мекард, ҳамин буд, ки ӯ аллакай хӯрокҳои лазизу шириниву ҳалвоҳои бамаззаро ба осонӣ мепӯхт. Бобои босиёсаташ, ки гапаш дар деҳа гап буду аз ҳақиқатҳои гуфтораш каҷравон дар азоб, бемор шуд ва баъди се моҳ, дарди бедаво ӯро ба коми хок кашид. Ҷудоӣ аз бобо барои онҳо гарон афтод, бибияш ҳарчанд доим бо бобо пархош мекарду дар пинҳониҳо дуои бадро дар ҳақаш раво медид, сахт рӯҳафтода шуд. Анзурат медид, ки модаркалонаш шабона рӯйи ҷонамоз мегиряд. Боре Анзурат ба ӯ гуфт:

-Момаҷон, ҳамеша бобоямро дуои бад мекардед ку… Ҳамин шумо набудед, ки ҳафту чилата хӯрам, дар ҳафт шаби ҷумъа нолаат кунам, мегуфтед?! Боз чӣ гиря мекунед, ана аз ҳафту чилаш хӯред, ҳоли солаша мехӯред, баъд дар ҳафт шаби ҷумъа нолааш кунеду ба орзуятон расед. Анзурат инро гуфту худаш гирён шуд, зеро дилаш барои бобоҷонаш хун буд. Модаркалонаш як табассуми талх карда, посух дод, ки духтари бефаҳм, ман аз сари қаҳр мегуфтам, чунки бобоят якрав буд.

Рӯирост айби мардумро дар рӯяшон гуфта, одамонро шарм медоронд, агар насиҳаташ кунам, “ту кори худата бин, обсофкунак нашав” гуфта, маро меранҷонд. Ман на ҳафташа хӯрдаму на чилаша, ҳар рӯз барояш мегирям ва то солаш намерасам, дасту поям ҷон надоранд. Модаркалонаш ким чӣ хел андешаманду хайлӣ шуда монд баъди марги бобояш. Анзурат чор бародару се хоҳар дошт. Бародари калонияшро зан доданду арӯсу домодро баъди баромадани чилаашон ба хонаи бобояш оварданд, то хизмати кампирро кунад. Бо омадани бародару янгааш хонаи онҳо нури дигар гирифт.

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД