arzon replenishment
ХУДО ҶАЗОЯТРО ДИҲАД, КАБИР!
5873


Ман шояд ифлостарин духтаре бошам, ки ба фиреби як марди палид, ки бо пул чашму ҳуш маро харида, ганҷи қимматтаринамро доғдор гардонида буд, афтида бошам.

Се сол маро хуб истифода бурду ногаҳон нопадид шуд. "Русия меравам, корҳоям ин ҷо нохуб"-гуфта, дар охирин занги телефонӣ ин суханҳоро шунида будам. Ба умед будам, ки дар Русия кор мекунаду маро бо тӯю тамошо ба занӣ мегирад, аммо...

Чанд муддат пас фаҳмидам, ки Кабири замоне ошиқи шайдои ман зану кӯдак доштаасту ҳамроҳи онҳо имрӯз дар Русия кору зиндагӣ намуда истодааст. Мане, ки пай дар пай 19 хостгорро аз дари хонаамон ноумед карда, ба умеди ваъдаи Кабири номард будам, лекин дар охир ҳақиқат рӯйи об баромад, ки ман танҳо бозичаи дасти ӯ будааму халос. Тамоми хостгорон ноумед рафтанд ва то ҳол мераванд, аммо ман то ҳол ба падару модарам Кабир меояд, ӯро интизорам гуфта, бечораҳоро фиреб карда гаштаам. Худованд ҷазоятро диҳад, Кабир. Чӣ гунае, ки маро дар роҳи ишқ ҳайрону зор гузошта рафтӣ, бигзор духтаратро номарде дар нимароҳ гузорад, касиф!

Сайёра.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД