Formula 2025 may
Хӯрокҳои шӯр ва сернамак одамро ба депрессия гирифтор месозанд
12.05.2025
Oila.tj
328

Олимон зимни як тадқиқот исбот намудаанд, ки истеъмоли намаки зиёд ба системаи асаби инсон зарар дошта, касро ба депрессия ва ҳолати яъсу навмедӣ гирифтор месозад.

Дар тадқиқот зиёда аз ним миллион нафар одамон иштирок карда, собит гаштааст, ки хатари гирифтор шудан ба депрессия дар одамони шӯрхӯрак назар ба шахсоне, ки хӯрокҳои камнамакро дӯст медоранд, чандин баробар бештар аст.

“Тадқиқот нишон дод, ки одамони хӯрокҳои шӯр ва сернамакро дӯст медошта 40% бештар ба ҳолати навмедӣ афтида, ба депрессия гирифтор мешаванд”,- омадааст дар шарҳи тадқиқот.

Гуфта мешавад, ки ҳатто аз меъёр андак зиёдтар истифода бурдани намак низ боиси 5-8 % бештар ба ҳолати афсурдагӣ ва ваҳму воҳима гирифтор гаштани шахс шуда метавонад.

Хоҳед, ки асабҳоятон ором бошад, хӯрокҳои камнамак хӯред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД