Анисаи Азиз чанд сол муқаддам хеле зуд дар дили мухлисону ҳаводорони хеш ҷой гирифта, анису маҳбуби дилҳои мардуми санъатдӯст гардид. Қалби ӯро офтоби меҳру муҳаббат, шӯру шарари ҷавонӣ фаро гирифтаву ба тамоми бурду бохти умр бо нигоҳи шукрона менигарад.
Чанд соли охир аз саҳна дур гашта бошад ҳам, меҳри ҳунар ӯро дубора ба эҷод кардан водор намуд. Имрӯз ин бонуи зебо дар меҳмонии ошхонаи “Оила” қарор дорад. Биёед, бубинем, ки Анисаи Азиз чӣ гуна кадбону аст.
-Анисабону, шуморо ба ошхонаи “Оила” хушомадед мегӯем.
-Ташаккур, ки моро суроғ мекунед.
-Шумо як бонуи хеле зебо ва ҳунарманд барои кори ошхона ва пухтупаз вақт меёбед?
-Ҳар субҳи ман аз пухтупаз оғоз мегардад, ба қадри имкон кӯшиш мекунам барои наздиконам хӯрокҳои хонагӣ омода намоям.
-Кадом хӯрокҳоро бештар мепазед?
-Хомшӯрбо, манту, самбӯса, оши палов, хӯришу шириниҳо.
-Дар интихоби хӯрок табъи нозук доред?
-На, ҳар ризқу рӯзие насибамон гашт, шукрона мекунам.
-Назаратон ба мардҳои ошпаз чӣ гуна аст?
-Фикр мекунам беҳтарин оши паловро маҳз мардҳо мепазанд.
-Аксари бонувон дар омода намудани хӯришҳо маҳорати хоса доранд. Шумо кадом хӯришро бештар ва беҳтар омода месозед?
-Ростӣ, номгӯи хӯришҳо дар дастурхони мо рӯз ба рӯз чунон зиёд шуда истодааст, ки яке аз дигаре хушхӯру болаззаттар аст.
-Барои мухлисон тарзи омода намудани як хӯришро, ки худатон дӯст медоред, пешниҳод мекунед?
-Бо ҷону дил.
Барои омода намудани хӯриши “Сезар” маҳсулоти зерин лозим аст:
400 г гӯшти лаҳми мурғ, 1 карами пекин, 200 г помидори черри, 70 г панири сахт, 3-4 пора хлеби сафед, намак, 6 қошуқ равғани зайтун, 1 қошуқча мурч, 4 дандона сирпиёз, 3-4 қошуқ майонез.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро шуста реза карда, дар равғани тасфон сурх мекунем. Дар тобаи дигар каме равғани зайтун илова карда, пораҳои резашудаи хлебро бирён мекунему ба он сирпиёзи куфташударо илова мекунем. Карамро шуставу начандон калон реза мекунем. Мурғи пухтаро низ реза карда, панирро аз турбтароши сӯрохиҳояш васеъ мегузаронем. 2 дандона сирпиёзро майда карда, бо намаку майонез омезиш медиҳем. Помидорчаҳоро реза карда, дар хӯришгирак аввал карами реза, баъдан мурғу панир ва майонезу помидорро илова карда, омезиш медиҳем.