arzon replenishment
Хоболудии баҳорӣ нишонаи чист?
821


Аксари одамон бо фаро расидани фасли баҳор хоболуд шуда, тез-тез хамёза мекашанд. Як сабаби ба чунин ҳолат афтидан, агар дарозтар шудани рӯзҳову кӯтоҳ шудани шаб ва аз хоб сер нашудани кас бошад, сабаби дигараш норасоии витаминҳо мебошад.

Хастагии ҷисмонию рӯҳӣ низ боиси хоболудӣ гашта метавонад. Хоболудӣ ҳамчунин аз саршавии бемориҳои баҳории роҳҳои нафас-зуком, бронхит, астма ва пневмония ҳушдор дода метавонад.

Чӣ бояд кард?
Пеш аз ҳама ба реҷаи хобу хӯрок риоя намоед. Шабҳо то соатҳои 12-и шаб назди телевизор нашишта, барвақттар сар ба болин гузоред, то ки аз хоб сер шавед. Дар бозорҳо аллакай меваю сабзавот фаровон аст. Барои он ки ҷисми шумо қувват бигирад, бештар меваю сабзавоти тару тоза истеъмол кунед. Варзиши пагоҳирӯзиро фаромӯш накарда, бештар дар ҳавои тоза сайр гашт намоед. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои зуком ва бемориҳои роҳои нафас-рафтани оби чашму обу бинӣ, сулфа, табу табларза ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД