formula feb 2025
Хатари омадани сел ва лағзиши тарма то 31-уми март боқӣ мемонад
28.03.2025
Oila.tj
317

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма ва омадани сел дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Бино ба иттилои манбаъ, то 31-уми марти соли 2025 бинобар боло рафтани дамои ҳаво дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Илова бар ин, 28-уми марти соли 2025 дар натиҷаи боришот дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъи роҳҳо огоҳ шаванд, воситаҳои нақлиёти худро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои тармазо фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз шаҳрвандон ва меҳмонони кившар даъват менамояд, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ҳолатҳои фавқулода бо телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 занг зананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД