Кӯдакони гирифтори бемориҳои дилро дар Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо, ки дар беморхонаи “Медгородок” воқеъ гаштааст, ба таври ройгон ташхис ва ҷарроҳӣ мекунанд.
Қабули беморон аз 2-юми март оғоз ёфта, то 9-уми март идома хоҳад кард. Кӯдаконро ду ҷарроҳи машҳури ин марказ - Меҳрубон Муродов ва Усмонҷон Исмонов ҷарроҳӣ мекунанд.
Волидайне, ки фарзандашон аз нуқсони дил ранҷ мекашад, сарфи назар аз макони зист ва вазъи оилавиашон метавонанд ба рақамҳои 888-221-132, 001-333-003 ва 930-888-241 занг зада, барои қабул муроҷиат намоянд.
Ҳангоми муроҷиат ба Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо шаҳодатномаи кӯдаки бемор ва шиносномаи падару модарро пешниҳод намудан лозим аст. Дигар ягон ҳуҷҷат лозим нест. Ташхис дар худи марказ гузаронида мешавад.
Иқдоми мазкур ба муносибати моҳи шарифи Рамазон роҳандозӣ шуда, аз ҳисоби фондҳои хайрхоҳӣ маблағгузорӣ карда мешавад ва худи волидон барои ҷарроҳӣ пул харҷ намекунанд.