Салом хонандагони гиромӣ.Ман зани шавҳардору соҳиби чор фарзанд ҳастам. Айни замон шавҳарам дар муҳоҷират қарор дорад. Аз даҳони дӯсту бегона фаҳмида будам, ки шавҳарам дар кишвари рус бо як бонуи ҳамватанамон издивоҷ намуда, аз ӯ фарзанд дорад, вале ба хотири чор фарзанд доштанам хомӯш истода, чизе намегуфтам. Чанд рӯзи охир шавҳарам ба ман паёмак менависад, ки баъди ду ҳафта кӯдаки аз зани дуюмаш модарзод маъюб таваллуд шудаашонро ба назди ман мефиристад. Шавҳарам мегӯяд, ки бояд бо зани дуюмаш якҷоя кор карда, пул ҷамъ кунанд, ман бошам, фарзанди маъюби онҳоро парасторӣ кунам. Ман дар хона чор кӯдаки хурдсол дорам ва базӯр онҳоро саришта мекунам. Шавҳарам барои мо моҳе ҳамагӣ се ҳазор рубли русӣ мефиристаду халос. Ба ман, ки дипломи муаллимагӣ дорам, иҷозати дар ҷое кор кардан намедиҳад.
Хушдоманам мегӯяд, ки кӯдаки шавҳарамро соҳибӣ карда, то омаданашон калон кунам. Вақте зан гирифтани шавҳарамро шунида будам, аз рашк касал шудам, боз ин кӯдаки беморро ба сарам бор кардан мехоҳанд. Метарсам, ки мабодо кӯдак дар дасти ман ба ягон бемории дигар дучор нагардад. Модарам мегӯяд, ки бо чунин мард зиндагӣ карданат маънӣ надорад, ҳоло ҳам сари вақт аст, аз шавҳарат ҷудо шав. Дар хонаи хушдоман ҳам мисли каниз аз субҳ то шом кор мекунаму як сухани хуб намешунавам.Бовар кунед,хеле руҳафтода шудаам. Хоҳишмандам ба ман дар халли мушкили ба сарам омада маслиҳат диҳед.