Formula novemver 2024
Кадом ниқобҳо пӯсти атрофи чашмро ҷавон месозанд?
1138

 

Барои ҳамвор сохтани чинҳои атрофи чашм ва ботароват сохтани пӯсти ин мавзеи рӯй дар мағозаҳо малҳамҳои ғизобахши зиёдеро дастрас кардан мумкин аст. Рафту чунин имконият надошта бошед, дар хона ба ҷои малҳами мағозагӣ аз картошка, ҷаъфарӣ (петрушка), шир ё бодиринг истифода бурда, ниқобҳои муъҷизаофар омода созед.

 

Ниқоб аз желатин

Як қошуқ желатинро дар шири ҷӯшон тар карда, то дам карданаш интизор шавед. Баъдан маҳлулро ба яхдон гузошта, баъди хунук шуданаш онро ба пӯсти атрофи чашм молида, 15 дақиқа нигоҳ дореду сипас бо оби ширгарм шӯед ё боқимондаҳои онро бо дока тоза кунед.

 

Ниқоб аз картошка

Як дона картошкаро пӯст карда, аз турбтарош гузаронед ва бо як қошуқ равғани зайтун омезиш диҳед. Маҳлули тайёршударо ба пӯсти атрофи чашм молида, баъди 20 дақиқа шӯед. Ниқоби картошкагӣ пӯсти атрофи чашмро ботароват нигоҳ дошта, сиёҳиҳои таги чашмро рафъ месозад.

Боз як ниқоби дигари картошкагӣ: як пора картошкаро аз турбтарош гузаронида, ба даруни докаи чандқабата гузошта, баъдан докаи картошкадоррро ба пӯсти мавзеи чашмон гузоред. Баъди 20 дақиқа пӯсти атрофи чашм ботароват мегардад.

Агар пӯсти атрофи чашмонатон варам кардаву чашмонатон баъди кори дарозмуддат хаста шуда бошанд, 2 қошуқча картошкаи аз турбтарош гузаронидашударо бо ҳамин миқдор шир ва орд омезиш дода, маҳлули ҳосилшударо ба пӯсти атрофи чашм моледу 20 дақиқа нигоҳ доред.

 

Ниқоб аз қаймоқ ва ҷаъфарӣ

Чанд дона барги ҷаъфарӣ (петрушка) тару тозаро бо корд реза кунед. Як қошуқча ҷаъфариро бо ҳамин миқдор қаймоқ (сметана) аралаш карда, ба пӯсти атрофи чашм молед ва баъди ним соат бо об шӯед. Ҷаъфарӣ сарчашмаи хуби витамин ва минералҳо ба шумор меравад.

 

 

 

Ниқоб бо бодиринг

Бодирингро дар яхдони ҳар соҳибхона пайдо кардан мумкин аст. Як дона бодирингро ғафстар реза карда, пораҳояшро ба пӯсти атрофи чашм часпонед. Баъди даҳ дақиқа аллакай таъсири косметикии ин сабзиҷотро эҳсос мекунед.

 

Ниқоб аз хамиртуруш ва шир

Барои тайёр кардани ниқоби мазкур ба шумо 20 грамм хамиртуруш ва як қошуқ шири гарм лозим аст. Хамиртурушро дар шир омезиш дода, ба пӯсти атрофи чашм молед. Баъди хушк шудани ниқоб боқимондаҳои онро бо об шуста, ниқоби муқаррарии худро молед.

 

Ниқоб аз хамиртуруш ва лимӯ

Як қошуқ хамиртурушро бо об омезиш дода, ба шакли қаймоқ дароред. Ба он чанд қатра шарбати лимӯ ва ним қошуқҷа равғани зайтун илова карда, ба пӯсти гирди чашм молед. Ниқоби мазкур пӯстро нарм намуда, чинҳоро ҳамвор ва сиёҳиҳои пӯстро бартараф месозад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД