arzon replenishment
Кабудшавии кӯдакон дар Исфара: Духтурон чӣ мегӯянд?
885

Чанде пеш ду кӯдаки исфарагӣ дубора ба беморӣ гирифтор шуданд, ки баъди ба Душанбе интиқол доданашон таҳти назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳоли Тоҷикистон қарор доранд.

Дар расмҳое, ки хабаргузориҳо ба табъ расониданд, дида мешавад, ки дар қисмати пешонӣ ва чашмонашон кабудӣ дида мешавад. Айни ҳол кӯдакон дар кадом вазъ қарор доранд, кадом муоинаҳо гузаронида шудааст ва ташхиси онҳо чист?

Ба ин саволҳои дигари хабарнигорои сомонаи "Оила" Холназар Ғиёсов, муовини Директори Муассисаи давлатии "Маркази милли тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Шифобахш” чунин посух дод:

- Духтури муҳтарам, вазъи ҳозираи кӯдакон чӣ гуна аст ва дар кадом марҳилаи табобат қарор доранд?    

- Кӯдакон айни ҳол хубанд, ягон маводи доруворӣ намегиранд, таҳти назорат ҳастанд. Тамоми таҳлилҳои тиббиро гузаронидем, ба ягон намуди табобат эҳтиёҷ надоранд. Аз он ки онҳо шахсони солим маҳсуб меёбанд, ташхис гузошта нашудааст.

- Кабудшавии чашмонашон бар асари кадом ҳолат ё беморӣ пайдо шудааст?

- Барои муайян кардани кабудии чашмони кӯдакон назорат карда истодаем, ки дар ҳақиқат кабудшавии чашмон аст ё ягон ҳолатҳои дигар вуҷуд дорад. Маҳз ба ин хотир дар беморхона бистарӣ карда, назорат бурда истодаем.

- Тибқи баъзе расонаҳо эҳтимоли интиқоли кӯдакон барои муоина ва табобат ба дигар кишвар вуҷуд дорад. Фаҳмидан мехостам, ки оё имкон дорад, ки барои ташхиси дубора ба дигар кишвар фиристода шаванд?

- Мо тамоми муоинаҳоро гузаронидем, натиҷаҳо ҳамааш хуб аст. Дуруст аст, ки чашмонашон каме сурхӣ доранд, ки эҳтимол дорад аз латхӯрӣ ҳам шуда бошад, чунки онҳо кӯдаканд ва дар ҳолати давидану ғалтидан чунин мешавад. Ба фарзи мисол агар ба хориҷа мебаред, онҳо мепурсанд, ки барои чӣ овардед Хунҳояшонро барои таҳлил ба Русия фиристодем, чизе наёфтанд, мӯи сару нохунҳояшонро ҳам фиристодем, ягончӣ пайдо накарданд. Ба ҳар ҳолат мо барои назорат онҳоро нигоҳ доштем. Дар сурати такрор шудани ҳамин ҳолатҳо сабабҳояшро мебинем. Ду маротибае, ки мо кӯдаконро бистарӣ кардем, онҳоро солим ҷавоб дода будем.

- Оё имкон дорад, ки заҳролудшавӣ баъди муҳлати мадид дубора сурат гирад?

- То имрӯз ҳолате ба қайд гирифта нашудааст, ки баъди заҳролудшавӣ кӯдак нағз шавад, ҷавоб дода шаваду боз дубора заҳролуд шавад, чунин нест. Масалан, ягон маводи доруворӣ ё гиёҳ ё замбурӯғ бори аввал баданро заҳролуд кунаду дубораю себора баъди шаш моҳ такрор шавад, чунин нест. Яъне, чунин манзара баъди шифо ёфтанаш баъди як моҳи табобат гирифтан ба вуҷуъ омаданаш аз эҳтимолият дур аст. Агар шахс заҳролуд шавад ё пурра шифо меёбад ё мефавтад.

- Чуноне, ки дар аксҳо дидем кабудиҳо дар пешонӣ ва чашмонаш дида мешавад. Оё ин кабудиҳо дар ягон қисми бадани кӯдакон буд?

- Не, нест. Айни ҳол дар ягон ҷо кабудӣ нест. Вақте ба мо муроҷиат кард, чашмонаш сурх буд, чашмонашро кушода наметавонист. Вале ягон тағйироте, ки ба кабудшавии бадан оварда расонад, набуд. Муҳтарам вазир дирӯз омада, худашон диданд. Имрӯз ҳам тариқи онлайн бо духтурони берун аз кишвар ҳамсуҳбат шудем. Ҳамаи таҳлилҳо ва тадқоқтҳое, ки гузаронидем, ба онҳо ирсол намудем. Боз такрор мекунам, ки тамоми доруҳое, ки заҳролудшавӣ дод, ё мекушад, ё ки духтур муолиҷа карда, шифо меёбад.

- Яъне, ки ҳоло кӯдакон беташхис бистарӣ ҳастанд?

- Бале, Бори дигар такрор мекунам, ки айни ҳол кӯдакон солим ҳастанд. Агар пагоҳ мушкилие дар саломатии онҳо рух диҳад ва ҳамон ҳолатҳое, ки тариқи телефон дидем, такрор шавад, баъдан ташхисгузорӣ мешавад.

- Ташаккур барои суҳбат!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД