Formula novemver 2024
КӢ БУДАНАМРО ФОШ КАРДАН НАМЕХОҲАМ! (ҚИСМИ 2)
30.03.2021
ОИЛА
3930

ИДОМААШ...

Марди машҳур бошам ҳам, ман ба ягон зани бегона бо чашми бад нигоҳ намекардаму намекунам, чунки аз кӯдаки китоби муқаддаси қуръонро хондаам ва хуб медонам, ки зино бадтарин гуноҳ аст, аммо ҳамсарам ҳамеша маро дар бевабозӣ муттаҳам карда занбоз меномид. Масали машҳуре ҳаст: «Бадкарда бадгумон». Ба маънии ин масал ман маҳз бо «шарофати» зани бадрашку бадгумонам сарфаҳм рафтам.

Як бор ҷастӣ малахак…

Ин ҳодиса бегоҳи 7 ё 8-уми моҳи рамазон рух дод. Қарибиҳои шом аз кор баргашта тасодуфан гуфтугӯи занамро бо хоҳараш шунидам, ки кадом як мардеро ситоиш карда мегуфт:

«Бачаи хушрӯи дасткушод будааст, дар телефонам 15 сум гузаронд!» Ин гапро шунида хун ба сарам зад, маҳкам аз банди дасташ дошта пурсидам:

-Кӣ ба телефонат пул гузаронд? Росташро гӯй, кист он марде, ки туро ин қадар ба ваҷд овардааст?!

Гапҳояшро бо ду гӯши худам шунида бошам ҳам, занам бо сари азизи фарзандонаш, бо китоби қуръон ва тамоми муқаддасоти дигар қасам хӯрда мегуфт, ки вай ин хел нагуфтааст. Телефонашро аз дасташ кашида гирифта шубҳаамро бартараф кардан хостам, вале зани шаттоҳам бо ғазаб онро ба девор зада шикаст. Аз рӯзҳои аввали рамазон Сабоҳат бистари хобашро аз ман ҷудо карда дар хонаи дигар мехобид. Мани сода гумон мекардам, ки моҳи шарифи рамазон асту ҳамсарам рӯзаашро поку ҳалол доштан мехоҳад, вале баъди оне, ки телефонашро зада шикаст, пай бурдам, ки ҷогаҳашро ҷудо кардани занам бесабаб набудааст ва ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст. Худамро дошта натавониста Сабоҳатро 2-3 мушт задам. Занам доду войкунон хонаро ба сараш бардошт ва дар назди ҳаққу ҳамсояҳо кинои бепул дода, бачаҳояшро гирифта баромада рафт.

Модар чӣ гуна, духтар намуна

Рӯзи дигар ба ҷойи кори падараш рафта тамоми воқеаро нақл карда додам, то фарзандашро насиҳат кунад. Бегоҳӣ хусурам занг зада маро ба хонааш таклиф кард. Хариди бисёре карда бо умед ба дарашон рафтам, ки моро оштӣ медиҳанду зану бачаҳоямро гирифта меорам. Хушдоманам дар дами дар маро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифта гуфт:

-Ту духтари маро задӣ, ин коратро мурам ҳам намебахшам! Сабоҳатҷони ман хушдор дошта бошад ҳам, ту ҳақ надорӣ, ки ӯро зада сиёҳу кабуд созӣ. Духтарам ба ту даркор набошад, ба ман даркор аст! Айбу гуноҳҳои занамро як ба як гуфта додам, вале хушдоманам ҳамоно тарафи духтарашро мегирифт. Дарк кардам, ки дар ин хона гапи мард, яъне хусурам як зарра ҳам қадр надорад ва ҳама чизро занаш ҳал мекунад, лаб газида «Модар чӣ гуна, духтар намуна» гӯён, аз ҳамон дами дар пас гаштам.

Ҷосус

Як ҳафта пас занам худаш баргашта омад. Аз он ки ҳаётамро бо чунин зан пайвастам, ангушти надомат газида бошам ҳам, хотири фарзандон аз гуноҳаш гузаштам, аммо диламро ҳамоно гурги шубҳа нохун мезад, ки агар Сабоҳат ягон сирри ниҳонӣ надошта бошад, пас чаро телефонашро ба девор зада шикаст? Маҳз ҳамин андеша маро ба он водор сохт, ки аз паси занам одам монда назорат барам, ки чӣ кор мекунаду бо киҳо шишту хез дорад.

Сирри фошгашта

Барои рӯйи об баровардани ҳақиқат ба ҷосуси зархарид ҳамагӣ як ҳафта вақт лозим шуд. Дар муддати 7 рӯз вай бо аксҳои гӯё тамоми айбу гуноҳи Сабоҳатро исбот кард. Зани никоҳии ман бо марди дигар мегаштааст ва беибо ба мошини хушдораш нишаста ҳамроҳаш дамгирӣ мерафтааст. Куртаҳои қиматбаҳое, ки Сабоҳат бо забони дароз «модарам харида доданд» мегуфт, дар асл ҳадяи ҳамон ошиқаш будаанд. Пас аз оне, ки тамоми сирру асрорашро рӯйи об баровардам, ба ҷойи бахшиш пурсидан занам аз рӯйи мақоли машҳури «ғарию пештозӣ» амал намуда, бо як дугонааш, ки дар маркази ташхисии шаҳрӣ кор мекард, маслиҳат карда, хост маро ба суду милиса кашонда, барои ба сараш мушт бардоштан ба паси панҷара шинонад. Ҳамсари мӯйдарозу ақлкӯтоҳи ман фикр накард, ки як бор хонавайрон шуда буд, аз ман ҳам ҷудо шавад, кӣ ӯро бо 4 фарзандаш ба занӣ мегирад. Мегӯянд як тоифаи занҳо табиатан чунин офарида шудаанд, ки бо як мард қаноат карда наметавонанд, шояд Сабоҳат ҳам аз ҳамон зумра бошад, вагарна ба ин беваи шӯҷаллоб чӣ намерасид, ки зиндагии поку ҳалол, хонаву дари обод ва гул барин кӯдаконашро пушти по зада ба оғӯши як буққаи дигар дарояд?! Лаънат ба чунин зану ба чунин модар!!!

АНҶОМ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД