Sebiston new 2024 october
Иқтисодчӣ, забондон, футболбоз. Мадина Фозилова кист?
867

 

Мадина Фозилова яке аз ҷавонони муваффақи тоҷик дар риштаи футбол мебошад. Соли 2021 ӯ ба тими “NICA”- и Гурҷистон роҳ ёфта, дар таърихи кишвар аввалин варзишгарбонуи тоҷик дар футболи Аврупо гардид.

Мадина аз Душанбе буда, 27 сол дорад. Аз ин муддат 15 солаш ӯ ба футбол машғул аст. Вай дар синни 11-солагӣ ба дастаи “Ласточка”-и шаҳри Душанбе ворид шуда, то соли 2017 дар ҳайати он фаъолият кард. Солҳои 2017-2020 дар дастаи “Зебониссо” бозӣ кардааст. Дар давоми фаъолияти худ қаҳрамони мо 8 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол эътироф шудааст. Ӯ то ба ин ҷода расиданашро роҳи тӯлоние меҳисобад ва устоди аввалини хеш Сулаймон Бобокалоновро роҳнамои ин соҳа барои худ медонад.

Аз хурдӣ ман бо писарон футболбозӣ мекардам. Таваҷҷуҳам ба ин варзиш аз волидонам пинҳон буд. Онҳо дар аввал интихоби маро қабул накарданд, зеро мехостанд, ки ман навозанда шавам”, - гуфт Мадина.

Дар синни ҳафтсолагӣ модараш ӯро ба Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова бурд. Дар давоми чор соли таҳсил вай навохтани ягон асбоби мусиқиро аз худ накард. Зеро Мадина ба мусиқӣ майлу рағбат надошт.

Баъдан модарам диданд, ки аз санъаткор шудани ман бӯйи умед нест ва дигар маҷбурам накарданд, ки ба мактаби мусиқӣ равам. Соли 2007 дар шаҳри Душанбе мактаби футболбозии духтарон бо номи “Ласточка” кушода шуд ва маро модарам маро ба он ҷо бурданд. Як умр аз модарам миннатдорам, ки барои футболбоз шудани ман, на танҳо монеъ нашуданд, балки дастгириам карданд”, – ба хотир овард Мадина.

Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и шаҳри Душанбе Мадина ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С Осимӣ ба факултети иқтисодиёт супорид. Ӯ донишгоҳро бо ихтисоси молия ва қарз хатм карда, дар яке аз ширкатҳои пойтахт ба ҳайси менеҷер кор мекард. Бо вуҷуди ин, футбол чизи асосӣ дар ҳаёти ӯ боқӣ монд.

Шавқу рағбат ба кор ё касб бо кадом роҳе боиси пешравӣ мегардад. Омӯзиши илм ва омӯзиши забонҳо низ сипарест, ки инсонро дар ҳама ҳолат муҳофизат мекунад. Дар соли аввали кор бо тими хориҷӣ мушкили асосӣ ин буд, ки ман забони англисиро намедонистам. Ман бояд омӯзам ва акнун метавонам бо дӯстони хориҷӣ ҳар вақт суҳбат кунам ва касбе, ки дар давоми таҳсил аз худ кардаам, рӯзе дар ҳаётам муфид хоҳад буд”, - гуфт Мадина Фозилова.

Дар гузашта ба футбол машғул шудани духтарон дар Тоҷикистон кам ба назар мерасид. Аммо, тайи даҳсолаи охир бо ташкилу фаъолияти мактабҳои футболбозии духтарона сафи дӯстдорони ин навъи варзиш миёни духтарон низ афзудааст.

Мадина гуфт, замони ба футбол омадани ӯ мардум ба футболбоз шудани духтарон боварӣ ҳам надоштанд ва бисёриҳо инро намехостанд. Дар солҳои аввали футболбозиаш ӯ чандин маротиба аз шахсоне, ки ҷонибдори футболбозии духтарон набуданд, таънаҳо ҳам шунидааст.

Аз соли аввале, ки мо машқ мекардем, буданд нафароне, ки мегуфтанд “духтарро ба футбол чӣ кор?”. Ин суханҳо ба ҷалб нагардидани духтарон ба футбол таъсиргузор буд. Аммо, имрӯз мардум бисёр ба футбол таваҷҷӯҳ доранд. Дар солҳои пеш ягона мушкилие, ки мо доштем, ин кам баргузор гардидани бозиву мусобиқаҳо буд. Аммо бо ташкили Лигаи бонувони Тоҷикистон ин мушкилӣ аз байн рафтааст ва дастгирӣ низ аз ҷониби ФФТ хуб шудааст”, - афзуд Мадина.

Бояд гуфт, ки Мадина Фозилова дар баробари дастаҳои болозикр, ҳамзамон, капитани тими миллии бонувони Тоҷикистон оид ба футбол аст. Ӯ дар ин ҳайат низ борҳо ба муваффақиятҳои шоён даст ёфтааст. Аз ҷумла, соли 2009 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи “Надежда” миёни ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа бонувони тими миллии мо сазовори ҷойи дуюм гардиданду Мадина унвони “Беҳтарин нишонзан”-ро соҳиб шуд.

Соли 2019 Мадина ба Донишгоҳи Нанчани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба факултаи забонҳо дохил шуд. Дар баробари таҳсил ӯ дар дастаи футболи бонувони ин донишгоҳ бозӣ мекард.

Дар дастаи бонувони донишгоҳ ман ҳамагӣ 4 моҳ бозӣ кардам, ки бештари вақтамон ба тамринҳо сипарӣ мегардид. Аз сабабе, ки бемории коронавирус пайдо шуд, мо дигар натавонистем тамринҳоро давом диҳем. Баъдан ман ба Тоҷикистон омадам”, – гуфт ин бонуи футболбоз.

Мадина Фозилова айни ҳол дар дастаи футзали “Maldives Port Limited”-и Малдив таҳти рақами 14 дар мавқеи ҳамлавар бозӣ мекунад. Қабл аз ин, ӯ дар бошгоҳи “Ника”-и Гурҷистон бозӣ мекард. Пеш аз ин Мадина дар ду дастаи ин Малдив, “AWA FT Maldives” соли 2017 ва “WAMCO Maldives”соли 2019 бозӣ карда буд.

Мадина гуфт, пас аз анҷоми фаъолияти футболбозиаш низ мехоҳад аз варзиш дур намонад. Ӯ ният дорад, ки дар оянда мураббии футбол ё довар гардаду духтаронро тамрин дода, футболи занонаро дар кишвар инкишоф диҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД